БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Натиҷаҳо назаррас арзёбӣ шуданд

ҲАМАДОНӢ. Дар толори маҷлисгоҳи  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №2-и ноҳия маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо иштироки узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳия Одиназода Бозоралӣ Неъмат, мудири шуъбаи молиявии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидаъзам Шомуродзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон  Ғаффорзода, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия, аъзои Кумитаи иҷроия, вакилони гурӯҳи вакилии  ҳизбии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ иштирок намуданд.

Дар маҷлиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дарноҳия Давлатҷон  Ғаффорзода  дар бораи ҷамъбасти фаъолияти  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия дар соли 2018, ҳисоботи роҳбари гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар бораи фаъолияти гурӯҳи вакилии ҳизбӣ , тасдиқи протоколҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва ҳаракати аъзои  ҳизб, тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия барои соли 2019, тасдиқи низомномаи озмуни беҳтарин ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар сатҳи ташкилот, корхона, муассиса ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, тасдиқи низомномаи озмуни ноҳиявии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия барои дарёфти стипендияи ноҳиявии ҲХДТ миёни хонандагони синфҳои 10-11- уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия дар соли 2019  мавриди баррасӣ қарор дода шуда,  қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. 

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  Одиназода Бозоралӣ Неъмат, сармуҳосиби  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидаъзам Шомуродзода  ва  дигар баромадкунандагон фаъолияти кории  Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбро дар соли 2018 хуб арзёбӣ намуданд.

        

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg