БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём амаликунандаи мақсаду мароми халқ

НОРАК. Дирӯз вохӯрии намояндагони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ оид ба расонидани моҳият ва муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 26 декабри соли 2018 бармеояд,  дар Қасри фарҳанги шаҳр   бо фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ  доир карда шуд.

Шермуҳаммад Шоҳиён ва Қурбонзода Ҳилолбӣ  дар назди иштирокдорон  нуктаҳои асосии  Паёми Прзеиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соҳаҳои  маорифу тандурустӣ, фарҳангу варзиш, иқтисодиёту иҷтимоиёт, саноату  кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои муҳимро дар бар  гирифта буд,  шарҳу тавзеҳ дода,  аз ҳар як фарди худогоҳу ватандӯсти шаҳри Норак ҷиҳати иҷрои  дастуру супориш ва ҳидоятҳои  аз Паёми Пешвои миллат  бароянда дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ даъват ба амал оварданд. 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg