БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дил ба даст овар, ки ҳаҷи Акбар аст…

КУШОНИЁН.Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён ҷиҳати амалӣ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” дар ташкилоти ибтидоии “Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ”  вохӯрӣ  баргузор намуданд.

Бо кормандони ташкилоти мазкур масъулин  атрофи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суҳбат намуда, ҷиҳати дастгирии шахсони ниёзманд ва маъюб  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони  “Якҷоя ҳал мекунем!” -ро  роҳандозӣ карда, ба зани бепарастор Онаҷон Раҳимова ва маъюби гурӯҳи якум Сабуров Усмон маводи  хӯрока кӯмак расониданд.

Бояд қайд намуд, ки кормандони ташкилоти ибтидоии “Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ”  пайваста аз шароити зиндагӣ ва саломатии онҳо  бохабар буда, барои таъмини маводи хӯрока, кишту кори замини наздиҳавлигӣ ва таъмиру таҷдиди   хонаҳои истиқоматиашон ёрии амалӣ мерасонанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg