БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём ҷомеаро ба кору фаъолияти пурмаҳсул ҳидоят менамояд

КӮЛОБ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри  Кӯлоб дар маҳаллаи Ҳисориёни шаҳри Кӯлоб бо мардуми маҳаллаи номбурда оид ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суҳбат баргузор гардид.

Дар суҳбат кормандони масъули Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб иштирок ва баромад намуданд.

Дар рафти суханрониҳои масъулин қайд гардид, ки Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ғояҳои балндпояи пурмазмун асос ёфта, қисми ҷудонашавандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба ҳисоб меравад ва ҷомеаро ба кору фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш ҳидоят менамояд.

Инчунин, дар маҳалла дастаҷаъона ҷӯйҳои обгузар дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” аз нав таъмир гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg