БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ – ҳизби халқ асту мақсаду маромаш ба халқ хизмат кардан аст!

ДӮСТӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ баҳри баланд гардонидани масъулияти шаҳрвандии сокинони ноҳия тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии деҳаҳои «Туркменобод» ва «Марказ»-и ҷамоати деҳоти ба номи Гардӣ Гулмуродов   вохӯрӣ доир  намуданд.

Масъулин зимни суҳбат нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар,  эълон намудани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро ба  ҷамъомадагон шарҳу тавзеҳ дода, мақсаду вазифаҳои дар Паём дарҷ гардидаро фаҳмониданд.

Ҳизби халқӣ, ки ҳизби боэътимод ва боварибахши мардуми кишвар мебошад, аз ин рӯ, раисони  ташкилотҳои  ибтидоии ҳизбии деҳаҳои  «Туркменобод» ва «Марказ»  тибқи ҷадвали кории Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб вобаста ба иҷрои Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар оромгоҳе, ки дар байни ду деҳа мавҷуд аст,  ҳашари умумӣ  ташкил карда, аъзо ва ҷонибдорони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии номбурда  дар корҳои созандагиву ободонӣ  саҳми муносиби хешро гузоштанд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg