БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём – пайғоми нек барои ояндаи дурахшони Ватан!

ДАНҒАРА. Бо мақсади расонидани мазмуну муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрӣ Раҳмонзода Асадулло, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Данғара, фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ  ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо аҳолии ҷамоати деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ масъулин атрофи  моҳияти  Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати  дохиливу хориҷии кишвар  ибрози андеша карда, аз сокинон барои расидан ба хизматҳои шабонарӯзии Роҳбари давлат ва саҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ баҳри боз ҳам пешрафтаву  зебо гардидани Ватани азизамон Тоҷикистон  ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни пурифтихори миллат 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  даъват ба амал оварданд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg