БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём ҷомеаро бо кору фаъолияти пурмасъулият ҳидоят мекунад!

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Кафолат» бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар муовини раис – мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирӣ  Раҷабализода Парвиз ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот Ализода Одил тибқи ҷадвали Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар оид ба татбиқи амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» барои нимсолаи аввали соли ҷорӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ вохӯрӣ баргузор гардид. Зимнан корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Ализода Одил оид ба  Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сухан баромада қайд намуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабр, дар охири сол манзур  мегардад, ки онро ҳамчун барномаи як соли рӯзгори мардум муқарар месозад. Тавре ба ҳамагон маълум аст 26-уми  декабри соли 2018 Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба мардуми кишвар ироа гардид, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ вазъи кунунии ҷомеаи Тоҷикистонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода,  самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлатро барои соли 2019 муайян намуд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз сарчашмаҳои ташаккул ва инкишофи ҳаёти маънавӣ, зеҳнӣ ва дастуру раҳнамои ҳар фарди ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Паём ҳамчун ҳуҷҷати стратегӣ муқарраркунандаи  самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ва дар ин росто муаянкунандаи вазифаи ҳар сокини кишвар дар роҳи татбиқи амалии он мебошад.Паёми имсола мувофиқи вазъи бавуҷудомадаи  иқтисодию иҷтимоии кишвар бо назардошти таҳаввулоти ҷаҳон муосир таҳия шудааст.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg