БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар партави Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” муассисаҳои таълимӣ соҳиби китобҳои бадеӣ шуданд

Ҷ.БАЛХӢ. Мувофиқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ ва чорабиниҳои ҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои нимсолаи аввали соли 2019 дар ташкилоти ибтидоӣ ҳизбии «Маорифчиён»-и ноҳия хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар хониши сиёсӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ иштирок дошта,  оид ба шаҳру тавзеҳ ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 26 декабри соли 2018 бармеояд,  суханронӣ  намуда, моҳият ва муҳтавои  Паёми Пешвои миллатро ба  иштирокдорон  фаҳмониданд.

Инчунин, масъулин дар ин раванд оид ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот,  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ,  ба фаъолият оғоз кардани НОБ-и Роғун,  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ карда, аз ҷамъомадагон барои  дар амал татбиқ намудани Аксияи ҳизбӣ, ки ба некӯаҳволии мардум ва ҳалли мушкилоти онҳо дар маҳалли зист равона карда шудааст,  даъват ба амал оварданд.  

Дар анҷоми вохӯрӣ иштирокдорон суханрониҳои  масъулинро хуб дарк намуда, дар партави  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» аз ҷониби ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маорифчиён» ба китобхонаҳои назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия  80 адад китобҳои бадеӣ  тақдим карда шуд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg