БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём –масъулиятро баланд месозад

ШАҲРИТУЗ. Дирӯз дар ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматови ноҳияи Шаҳритуз вохӯрии гурӯҳи тарғиботии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони ин ҷамоат оид ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ директори Маркази таълимии методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёрмуҳаммадзода Шермуҳаммад, муовини раиси ноҳия Раҷабзода Меҳриниссо, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз, раиси ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматов Рисқдавлатзода Улуғбек, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии деҳаву маҳал, сарварони муассисаҳои таълимӣ, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоати номбурда, имомхатибон иштирок дошта, моҳият ва  нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллатро  хуб дарк намуданд.

Инчунин, корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  ноҳия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” андешаҳои хешро баён карда, ҳамагонро барои амалигардонии ҳадафҳои созандаи ҲХДТ раҳнамоӣ намуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg