КУШОНИЁН. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кушониён дар ташкилоти ибтидоии “Дандонпизишк” оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор намуданд.
Дар вохӯрӣ масъулин дар бораи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии кормандони соҳаи тандурустӣ, муошират бо мизоҷон, истифодаи дуруст аз таҷҳизотҳои тиббӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ба кор даромадани чархаи якуми Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” андешаронӣ карда, иштирокдоронро ба ҳифзи солимии ҷомеа ва корҳои созандагиву бунёдкорӣ даъват намуданд.