БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Роҳандозии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” писанди сокинон гардид

ШАҲРИТУЗ. Тибқи ҷадвали баргузории вохӯриву чорабиниҳо ва хонишҳои  сиёсӣ  дар ташкилотҳои ибтидоӣ  ва деҳаву маҳаллаҳо  бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Ачилдиев Турдимурод ва дигар шахсони даъватӣ  дар деҳаи  ПМК-12-и ҷамоати деҳоти Пахтакор бо сокинон  вохӯрӣ баргузор гардид. 

Зимнан Ачилдиев Турдимурод мақсади вохӯриро ба ҷамъомадагон фаҳмонида, оид ба нуктаҳои Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати дохиливу хориҷии кишвар,  эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  аз ҷумла тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, аз муоинаи тиббӣ гузаштани шаҳрвандоне, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргашта, пешгирии хурофоту бегонапарастӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, тарбияи дурусти фарзандон дар роҳи худогоҳиву ватандӯстӣ,  пешгирӣ аз никоҳи хешутаборӣ, рушди  касбу ҳунарҳои мардумӣ дар деҳот,  ҷалби наврасону ҷавонон ба касбу ҳунарҳои миллӣ,  рушди корҳои хоҷагидориву кишоварзӣ, самаранок истифода бурдани заминҳои  бекорхобида, ҷалби шаҳрвандони бекор ба  хоҷагидориву кишоварзӣ ва аз ин ҳисоб паст кардани шиддати бекориву  сатҳи камбизотӣ  андешаронӣ карда,  инчунин дар идома  моҳияти Аксияи  тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”- ро  ба ҷамъомадагон фаҳмонид.

Дар охир сокинон моҳияти Аксияи ҳизбиро хуб дарк карда, иброз доштанд, ки дар амал татбиқ намудани  ҳадафҳои созандаи  ҲХДТ, ки барои ҳалли мушкилоти  сокинон дар маҳали зист  мусоидат мекунад, саҳми арзанда хоҳем гузошт.  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg