БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём – мушкилкушои рӯзгори мардум!

ПАНҶ. Дар доираи ҷадвали  баргузории хонишҳои сиёсии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии “Молия” бо аъзо ва ҷонбдорони ҳизб оид ба расонидани муҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хониши сиёсӣ роҳандозӣ гардид.

Вохӯрӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  баргузор гардида, зимни баромадҳо қайд карда шуд, ки  Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии  мамлакатро барои давраҳои оянда муайян  намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзу ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххасро муайян намуд.

Дар идома Латипов Асомиддин  бо ҷонибдорӣаз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Сарвари дурандешу хирадпеша Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷихати беҳбудӣ бахшидан ба зиндагии мардум изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки  кормандони Раёсати молияи ноҳияи Панҷ  барои ба натиҷаҳои назаррас ноил шудан саъю талош менамоянд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg