БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ мароми мост!

МУЪМИНОБОД. Вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод бо фаъолон ва раисони ташкилотҳои ибтидоии кӯчаҳои Асрорӣ, Чорсу, Фирдавсӣ, А.Партоев, А.Раҳимов, Б.Ғафуров, И.Сомонӣ, А.Давлатов, С.Айнӣ, С.Вализодаи ҷамоати шаҳраки Муъминободи ноҳияи Муъминобод баргузор гардид.

Масъулин дар вохӯрӣ  моҳияти  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони  «Якҷоя ҳал мекунем!» ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, пешгирии гаравиши шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, риояи фарҳанги либоспӯшӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, риояи талаботи қонунҳои миллиро  мавриди муҳокима  қарор дода, аз сокинон барои  амалигардонии ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, ки ба рушду нумуи Тоҷикистони азиз ва  зиндагии шоистаи сокинон равона карда шудааст, даъват баамал оварданд.   

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg