БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фаъолон бо Сипосномаҳои ҳизбӣ қадрдонӣ карда шуданд

ДӮСТӢ. Дирӯз дар маҷлисгоҳи маркази ноҳияи Дӯстӣ  маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ  дар соли 2018 бо иштироки аъзои Кумитаи иҷроия, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия доир гардид.

Дар маҷлис ҷамбастӣ фаъолияти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар соли 2018 ва вазифаҳои  навбатӣ барои соли 2019, тасдиқи ҷадвали баргузории  хонишҳои сиёсӣ ва чорабиниҳои ҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ, тасдиқи нақшаи корӣ, буҷа ва  воҳидҳои кории Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб матраҳ гардиданд. Ҳамзамон вазифаҳои навбатӣ  барои самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб дар соли 2019 пешниҳод гардида, аз масъулин барои иҷрои онҳо мусоидати хуби корӣ даъват ба амал оварда шуд.

Дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва бахшида ба таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар охир ба фаъолон  барои саҳми арзандаашон  дар амалигардонии ҳадафҳои созандаи  ҳизбӣ Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар вазъияти тантанавӣ  супорида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg