БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ: Устувории захираҳои об ҳамеша дар мадди назар мебошад

ВОСЕЪ. Бо мақсади ичрои ҷадвали  хонишҳои сиёсӣ ва чорабиниҳои ҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Восеъ барои нимсолаи аввали соли 2019 дар ташкилоти ибтидоии  РИСНМК «Кумо»-и ноҳия бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Сафарова Ҳафиза, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Манучеҳри Хуршед ва кормандони ташкилоти ибтидоии номбурда  хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Зимнан  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафарова Ҳафиза оид ба  самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҳизбӣ  ва фаҳмонидани муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки оид ба қабули «Барномаи истеҳсолоти соҳаи оби Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои  солҳои 2016-2025»,  ки ҳадафи асосии он гузариш ба идоракунии муосири захираҳои об ва ҷалби сармоягузориҳои нав барои ҳалли  мушкилоти об дар кишвар ба ҳисоб меравад, суханронӣ намуда, иброз дошт, ки ин иқдом саривақтӣ буда, яке аз масъалаҳои асосие, ки таваҷҷуҳи махсусро талаб менамояд, таъминоти аҳолӣ бо оби босифати ошомиданӣ мебошад.

Ҳамзамон, Манучеҳри Хуршед қайд кард, ки об сарчашмаи ҳаёт ва манбаи асосии саломатии инсон мебошад. Бо вуҷуди он, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги об аст, таъминоти аҳолии деҳоти кишвар бо оби босифати ошомиданӣ беҳбудии ҷиддиро талаб менамояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg