БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём дастурамал барои некӯаҳволии мардум

ВАХШ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи қисмати тарғиботӣ ва амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии  ҳизбӣ таҳти унвони  «Якҷоя ҳал мекунем!», ҳамзамон оид ба ҳарчи бештар тақвият бахшидани робитаи ҲХДТ бо маҳал дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Чорводор» вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони ташкилот ва аъзои ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Маҳмадиён Одилҷон  иштирок ва суханронӣ намуд.

Зимнан Маҳмадиён Одилҷон дар назди ҷамъомадагон нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дода, аз иштирокдорон барои  иҷрои саривақтии  дастуру  супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллат, ки аз Паёми навбатӣ  бармеоянд,  даъват ба амал овард.

Инчунин, дар идомаи суҳбат мавсуф оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  ҳарф зада,  моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”-ро ба сокинон фаҳмонида дод.  

Ҳамзамон,  дар вохӯрӣ вобаста ба татбиқи қисмати тарғиботию амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони  «Якҷоя ҳал мекунем!» аъзои ташкилоти ибтидоии  «Чорводор» ба ҳашари дастаҷамъона баромада, корҳои ободонӣ ва хуррамгардониро бо масъулияти баланди ватандӯстона ба итмом расониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg