БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём ҳамчун ҳуҷҷати стратегӣ, муқарраркунандаи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сафари -К » бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Қаҳҳоров Искандар тибқи ҷадвали кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар оид ба татбиқи амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» барои нимсолаи аввали соли ҷорӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимнан Қаҳҳоров Искандар  дар  баромади худ оид ба Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарф зада,  қайд намуд, ки  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабр дар охири сол пешниҳод   мегардад, ки онро ҳамчун дастурамали корбарӣ  муқаррар месозад. Тавре ба ҳамагон маълум аст  рӯзи 26 декабри соли 2018 Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, ки дар он  вазъи кунунии ҷомеаи Тоҷикистонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд ва самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлатро барои соли 2019 муайян намуд. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз сарчашмаҳои ташаккул ва инкишофи ҳаёти маънавӣ, зеҳнӣ ва дастуру раҳнамои ҳар фарди ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Паём ҳамчун ҳуҷҷати стратегӣ муқарраркунандаи  самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ва дар ин росто муайянкунандаи вазифаи ҳар сокини кишвар дар роҳи татбиқи амалии он мебошад.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg