БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Натиҷагирӣ аз фаъолияти ҳизбиён ва вазифаҳои навбатӣ барои соли 2019

ХУРОСОН. Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон маҷлиси васеи Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон бо иштироки узви Раёсати Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, раиси ноҳияи Хуросон Сафарзода Раҳматулло Хайрулло, намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан», Гурўҳи вакили ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва раисони ташкилотҳои ибтидоӣ баргузор гардид.

Дар рӯзномаи маҷлиси васеъ   вазифаҳои аввалиндараҷаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар самти шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 26-декабри соли 2018 бармеояд, тасдиқи ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ ва дар бораи даъвати Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон гузошта шуда,  маҷлисро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон Азим кушода, атрофи  масъалаҳои болозикр ибрози андеша намуда, қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Дар охир узви Раёсати Кумитаи иҷроияи ноҳия, раиси ноҳияи Хуросон Сафарзода Раҳматулло Хайрулло оид ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф зада, аз ҳар як раисони ташкилоти ибтидоӣ ва аъзои ҳизб даъват ба амал овард, ки муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ташкилотҳои ибтидоӣ сар карда то миёни оммаи васеъ таблиғу ташвиқ намоянд ва  маҷлисҳои ташкилотҳои ибтидоӣ тибқи ҷадвали тасдиқгардида дар муҳлати муайяншуда баргузор карда шаванд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg