БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Саховатмандӣ аҳамияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад

ДӮСТӢ.  Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ баҳри баланд гардонидани масъулияти шаҳрвандии сокинони ноҳия тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Почтаи тоҷик» атрофи   самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  вохӯрӣ доир  намуданд.

Масъулин зимни суҳбат нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  эълон намудани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро шарҳу тавзеҳ дода, мақсаду вазифаҳои дар Паём дарҷ гардидаро ба иштирокдорон фаҳмониданд.

Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Почтаи тоҷик» Азизов Фатҳулло  ва кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  тибқи ҷадвали баргузории чорабиниҳову вохӯриҳо  вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»-ро роҳандозӣ карда,  ба аёдати маъюби гурӯҳи якум Бердиев Нусратулло истиқоматкунандаи деҳаи Шаҳдрези ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл рафта,  ба  оилаи ӯ маводи ғизоӣ  кӯмаки яквақтаина  расониданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg