БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ: Мароми мо вусъати корҳои тарбиявию маърифатӣ

ШАҲРИТУЗ. Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз дар идораи «Шабакаи барқи» ноҳия хониши сиёсӣ баргузор гардид.

 Дар хониши сиёсӣ раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Шаропов Ҳомидҷон, муовини раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Ачилдиев Турдимурод,  мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроия Тӯйчиева Садбарг ва   роҳбари корхона Ғафоров Ҷурахон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Хониши сиёсӣ дар мавзӯъҳои асосӣ, аз ҷумла нуктаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, оғози  фаъолияти агрегати  якуми НОБ-и Роғун  ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбиро дар бар гирифта,  аз ҷониби  масъулин мавриди   муҳокима қарор дода шуданд.

Дар идома роҳбари  корхона Ғафоров Ҷурахон  суханрониҳои судмандро якдилона дастгирӣ карда,  афзуд, ки  дар оянда низ  барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои барномавии ҲХДТ саҳми  муассир  хоҳад гузошт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg