БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Корҳои ободонӣ дар партави Паёми Пешвои миллат дар маҳал вусъат доранд

ФАРХОР. Сокинони маҳалаи 3-и ҷамоати шаҳраки Фархор дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки дар Паёми имсолаи худ  Президенти мамлакат солщои 2019-2021 эълон намуда буданд, камари ҳиммат баста, ба корҳои ободонӣ рӯ оварданд.

Ҳизбиёни ноҳияи Фархор дар якҷоягӣ бо намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҳусейнзода Наврӯз дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ба маҳаллаи №3-и ҷамоати шаҳраки Фархор рафта, аз рафти оғози кашидани хати оби ошомиданӣ дидан намуданд, ҳамчунин бо сокинон суҳбат оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ оростанд.

Ёдовар мешавем, ки хати қубурҳои обгузар аз чоҳи амудии кандашуда, оғоз гардида, то обанбор масофаи 1800 метрро дарбар мегирад. Сокинони маҳал дастаҷамъона қубурҳои обгузарро бо маблағгузории давлати Қувейт ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом мерасонанд.

Лоиҳаи мазкур барои пурра таъмин намудани аҳолии ҷамоати шаҳраки Фархор бо оби ошомиданӣ нигаронида шудааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg