БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ватан ободиат ободии мост!

ТЕМУРМАЛИК. Бо мақсади ҳарчи бештар тақвият бахшидани робитаи ҲХДТ бо маҳал дар асоси ҷадвали вохӯрию мулоқотҳо  дар ташкилотҳои ибтидоӣ, деҳаву маҳаллаи ноҳия  дар маҳаллаи №1-и ҷамоати шаҳраки Совети ноҳияи Темурмалик вохӯрии навбатии  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  бо сокинони маҳал  баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Раҷабзода Маҳмадсаид иштирок дошта,  доир ба нуктаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои  афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, эълон гардидани солҳои 2019-2021  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  ва моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  андешаронӣ намуд.

Инчунин, дар вохӯрӣ вакили ҷамоат  Икромов Суҳроб иштирок дошта, доир ба   пешгирии   шаҳрвандон, бахусус  ҷавонон аз  шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ,  тарғиби фарҳанги миллӣ, пешгирӣ аз хурофоту бегонапарастӣ, боз ҳам рушд додани  касбу ҳунарҳои мардумӣ, корҳои хоҷагидорию кишоварзӣ,  ҷалби ҷавонон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ,  расидан ба қадри сулҳу ваҳдат ва хизматҳои беназири Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафту  тараққиёти Ватан, ки ин ҳама аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  бармеоянд,  суханронӣ карда,  ҳамагонро барои саҳм гузоштан дар корҳои  ободониву бунёдкорӣ  даъват намуд.

Вобаста  ба  татбиқи қисмати тарғиботию амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоӣ Асоев  Насим 20 дона ниҳоли  дарахтони  ороишии ҳамешасабзи  арча  дар  атрофи оромгоҳи маҳалла  шинонида    шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg