БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём - саодатномаи миллат аст

ПАНҶ. Ҳадафи аслии ҳар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар заминаи ноил гардидан ба пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин намудани зиндагии шоиста барои мардуми ҷумҳурӣ мебошад.

Паёми имсолаи Пешвои миллат маҷмӯъи тадбирҳои беҳбудӣ бахшидан ба иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ  буда, зимни мутолиаи он дилҳо гарм ва боварӣ ба фардо афзун мегардад.

Ин Паёмро - саодатномаи миллат унвон намуда,  чун мужда аз фарорасии шукуфоии  миллат ва зиндагии шоистаи тамоми тоҷикистониён қабул намуд. Ҳар сокини ҷумҳурӣ, новобаста ба мавқеи ҷамъиятӣ, синну сол ва касбу вазифа бояд онро омӯзад ва дар ҳаёт татбиқ намояд.

Иброз намуд дар баромадаш раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзиев Каримҷон дар вохӯрӣ бо аъзои ҳизби ташкилоти ибтидоии шаҳраки «Панҷ».

Иштирокчиён раисони ташкилотҳои ибтидоии маҳаллаҳои шаҳраки Панҷ буда, зимни вохӯрӣ бо ҷадвали баргузории мулоқоту сӯҳбатҳо барои нимсолаи аввали соли 2019 ошно  гардиданд. Ҳамзамон, оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, ки аз Паёми навбатии Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бармеоянд, ба ҳозирин фаҳмонида дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg