БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём-амаликунандаи мақсаду мароми мост!

НОРАК. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ворисони Сино» оид ба фаҳмонидани муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он дарбаргирандаи пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои  гуногуни кишвар мебошад, бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Фирдавс Ғафурзода вохӯрӣ  доир гардид.

Зимнан Фирдавс Ғафурзода оид ба Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, ҳадафҳои Паёми навбатии Пешвои миллатро мухтасаран ба иштирокчиён фаҳмонид.

Инчунин, зимни суханронӣ мавсуф дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум  аз хатари терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирӣ аз он, аз байн бурдани  таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ, пешгирӣ аз бегонапарастиву майл ба фарҳанги бегона, пешгирӣ аз истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ андешаҳои хешро баён намуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg