БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон Паёми Пешвои миллатро якдилона ҷонибдорӣ карданд

КУШОНИЁН. Мувофиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён вохӯриҳои гурӯҳҳои таблиғотии доимамалкунандаи ҳизбӣ  оид ба расонидани мазмун ва муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 26 декабри  соли 2018 ироа гардид, ба аъзои   ташкилотҳои ибтидоии  ҳизбии  ноҳия вохӯрӣ баргузор гардид.

Инчунин, дар ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” вохӯрӣ  оид ба баррассии нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарамЭмомалӣ Раҳмонба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки  дар он раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён Сатторова Мунаввара иштирок ва  атрофи муҳимтарин нуктаҳои Паёми Пешвои миллат андешаронӣкарда, аз ҳамагон  даъват ба амал овард, ки ҷиҳати амалӣ гардонидани ин дастури муҳим  ҳамчун роҳнамо ба зиндагии пурсаодати сокинон пурмаҳсул ва садоқатмандона фаъолият намоянд.

Дар охир ҷамъомадагон  суханрониҳои судмандро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, чанде аз онҳо иброз доштанд, ки  он дастуру супориш ва ҳидоятҳое, ки дар Паёми Пешвои миллат ироа гардиданд, сармашқи кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор хоҳем дод. 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg