БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Бо азми устувор ва иродаи мустаҳкам баҳри ободии Ватан талош меварзем

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи ғадудҳои даруна” вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 26.12.2018 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида буд, бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрии мазкур мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Файзуллоев Алишер ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи ғадудҳои даруна”  Хайридинов Х. иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни мулоқот чунин шарҳ дода шуд, ки ироаи Паёмҳои ҳарсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи мукаммали таҳкими фаъолияти ҳар соҳаи хоҷагии халқи кишвар ва дастури асосии ҳар шаҳрванди соҳибандеша бобати танзими зиндагӣ ва фаъолияти масъулиятнокии ӯ дар ҷомеа мегардад ва мардуми Кулобшаҳри бостонӣ аз Паёми Сарвари давлат барои худ  қутбнамоеро дар роҳи созандагӣ дарёфта, бо азми устувор ва иродаи мустаҳкам баҳри ободии Ватан талош меварзанд.

Баъд аз супоридани билетҳои ҳизбӣ ба аъзои нави ҲХДТ дар назди ташкилоти ибтидоӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ  таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” дарахтони ҳамешасабз шинонида шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg