БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Таблиғоту ташвиқот бо муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия

ҚУБОДИЁН. Аслан муҳоҷират як падидаи арзишманди инсонист, ки дар тӯли таърих васлкунандаи миллатҳо будааст, зеро миллат дар натиҷаи раванди муҳоҷират иртиботи наздик ҳосил мекунад, ба ҳамдигар таъсир мерасонад ва аз фарҳанги якдигар чизҳои хубро мегирад, яъне як навъ доду гирифти маънавии манфиатовар дар байни онҳо сурат мегирад.

Мутаасифона,  қисми зиёди муҳоҷирони меҳнатии мо дар Федератсияи Руссия аз сабаби надоштани  касбҳои зарурӣ ва надонистани забон бисёри вақт ба мушкилиҳо дучор  мешаванд, ки  ин ҳама танҳо ба ивази он, ки муҳоҷирони меҳнатии кишвари мо дур аз оила ва хешу табори худ бо маҳрумиятҳои зиёд ба хотири дарёфти қутти лоямут барои хонавода ба мусофират рӯ овардаанд. Онҳо ҳарчанд дарки онро мекунанд, бинобар вазъи душвори иқтисодӣ, бо амри тақдир ва зарурати зиндагӣ бо чунин санҷиши ҳаёт рӯ ба рӯ гардидаанд.

Ин гуна вохӯриву мулоқотҳое, ки бо иштироки намояндагони ҲХДТ ва ҳидояти Раиси муаззами ҲХДТмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  доир мегардад, аз он далолат мекунад, ки рафти кору зиндагии ҳамватанони дар муҳоҷирати муваққатии меҳнатӣ қарордоштаи мо зери таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, то ки онҳо ҳеҷгоҳ худро аз Ватан дуру бегона эҳсос накунанд.

Дар асоси дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳи босалоҳият бо мақсади ошноӣ аз вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳимояи манфиатҳои онҳо ва ташаккул додани маърифати ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ барои анҷоми сафари корӣ ба шаҳру вилоятҳои Федератсия Россия аз 5-ум то 15 январи соли ҷорӣ сафар намуданд. 

Дар ин гурӯҳи босалоҳият раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Маҳмадаюб  Шарифзода шомил буда,  дар шаҳрҳои Федератсияи Россия   бо муҳоҷирони бурунмарзӣ  суҳбату вохӯриҳо доир карда истодаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg