БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Татбиқи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо маром идома дорад

ВОСЕЪ. Тибқи баргузории хонишҳои сиёсӣ ва чорабиниҳои ҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ  дар ноҳияи Восеъ барои нимсолаи аввали соли 2019 дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи марказӣ»-и ноҳия бо иштироки кормандони ташкилоти ибтидоии номбурда ва кормандони масъули Кумитаи ичроияи ноҳиявии ҳизб хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Хониши сиёсӣ бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гулрухсор Мирзоева, мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ситамова Роҳила гузаронида шуда, дар рафти он Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам   Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳадафҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, эълон шудани солҳои 2019 – 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби фарҳангӣ миллӣ, пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, террористӣ ва экстремистӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ,  нашъмандиву нашъаҷаллобӣ, ки ин ҳама аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бармеоянд, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамзамон, тибқи чадвали кории Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ оид ба татбиқи амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» барои нимсолаи аввали соли 2019 дар ташкилоти ибтидоии номбурда корҳои созандагиву ободонӣ ва аз нав таъмир намудани ҷойҳои таъмирталаб ва рангубори бинои беморхона бо маром идома дорад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg