ШАҲРИТУЗ. Дар бонки «Амонатгузорӣ»-и ноҳияи Шаҳритуз бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Шаропов Ҳомидҷон, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ачилдиев Турдимурод, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроия А.Замонов бо кормандони ташкилоти номбурда хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар хониши сиёсӣ нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” мавриди баррасӣ қарор дода шуда, масъулин фикру ақидаҳои худро оид ба натиҷагирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2018 баён доштанд.
Инчунин, дар идома Шаропов Ҳомидҷон раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, пешгирӣ аз хурофоту бегонапарастӣ, риояи талаботи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқовиматбо коррупсия, тарзи дурусти хизматрасонии бонкӣ суханронӣ намуда, вазифаҳое, ки дар соли 2019 дар назди ҳизбиён гузошта шудааст, шинос намуд.
Дар охир сардори бонки “Амонатгузори”-и ноҳия Бегзода Зафар суханрониҳои масъулинро бо хушнудӣ пазируфта, ҷонибдории хешро аз сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд.