ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ ва чорабиниҳои ҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба татбиқи амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар доираи «Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ», барои нимсолаи якуми соли 2019 бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар муассисаи КВД «Тоҷиксуғурта»-и ноҳия вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимнан масъулин дар назди ҷамъомадагон доир ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби фарҳангӣ миллӣ, пешгирӣ аз зиёдаравиву хурофот ва бегонапарастӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, риоияи талаботи қонунҳои миллӣ, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, хоҷагидориву кишоварзӣ, аз ин ҳисоб паст кардани шиддати бекориву камбизоатӣ, истифодаи самараноки нерӯи барқ ва пардохти саривақтии маблағи он андешаронӣ карда, ҳамагонро барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ раҳнамоӣ карданд.