БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАТБИҚИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВАЗИФАИ МУҚАДДАСИ ҲАР ЯКИ МО ШАҲРВАНДОН АСТ!

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сокинони кишвар баёни воқеияти Тоҷикистон дар гузаштаву таҳлили авзои ҳозира ва маҷмуи вазифа ва дастуру ҳидоятҳои созанда барои рушди босубот дар оянда аст.

Ба андешаи мо мақсади ироаи Паём аз он иборат аст, ки ҳар сокини ин кишвар вазифаи худро аз он дар роҳи давлатсозию ватандорӣ ба таври амиқу дақиқ муайян ва дар амал татбиқ созад. Агар дурусттар ба моҳият ва мантиқи Паёми Пешвои миллат аҳамият диҳем, дар он роҳҳали тамоми мушкилоти на фақат ҷамъият, балки ҳар фард дар алоҳидагӣ нишон дода шудааст. Масалан, агар имрӯз бекорӣ, надоштани шуғли доимӣ ва монанди ин ба проблемаи асосии як қишри ҷомеа мубаддал гашта бошад, пас метавон онро низ тибқи нишондодҳои Паём ҳаллу фасл намуд. Дар ин росто, вазифаи мақомоти давлатӣ, ба хусус ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз он ҷумла ниҳодҳои ҲХДТ аз он иборат аст, ки на фақат бандҳои Паёми Пешвои миллатро бояд шарҳу тавзеҳ диҳем, балки дар мафкураи ҳар сокин ин фаҳмишро такмил намоем, ки аз Паём вазифаи солонаи худро дарёфт ва онро ҳамчун масъулияти шаҳрванди амалӣ намояд. Яъне аҳли маориф дар сатҳи рушди илм, сифати таълиму тарбия ва монанди инҳо, табиб дар самти сиҳатии омма, сатҳу сифати хизматрасонӣ дар муассисаҳои тиббӣ ва ғайра, мардум дар самти иҷрои қонунҳои миллӣ, тарбияи фарзандон, корҳои барои ҷомеа муфид ва ҳатто бекор бояд ҷиҳати ёфтан ва офаридани ҷойи кор, масалан, дар заминаи ҳунарҳои мардумӣ саъю талош кунанд.

Ҷойи зикр аст, ки сохторҳои ҲХДТ дар вилояти Хатлон соли 2018 дар самти тарғиб ва татбиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои муайянеро ба анҷом расонида, аввалин бор дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ин росто самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбиро мушаххас карда, дар ҳамаи деҳаву маҳаллаҳо ба таври фарогир сокинонро ба саҳм гузоштан дар татбиқи амалии нуктаҳои асосии Паём сафарбар намуданд. Ин тадбиру иқдомҳо аҳамияти баланди ҳидоятҳои Пешвои миллатро дар самти наздик будани сохторҳои ҳизбӣ бо халқ амалан собит кард. Дар ин самт аз ҷониби сохторҳои ҳизбии вилояти Хатлон дигар иқдомҳои шоиста низ рӯи даст гирифта шудаанд, ки муҳтавои онҳо дар ҳисоботҳои солона ва васоити ахбори оммаи ҳизбӣ ба тафсил зикр гардидаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 26.12.2018 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ва аҳли ҷомеа нахуст вобаста ба дастовардҳи дохиливу хориҷӣ ибрози назар намуда, соли 2018-ро соли воқеан таърихӣ унвон намуд. Зеро дар самти сиёсати хориҷӣ воқеан ҳам соли 2018 бо оғози расмии татбиқи ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти об, ба сатҳи шарикии стратегӣ боло бурдани муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон, дар самти сиёсати дохилӣ - ба истифода дода шудани агрегати якуми НБО “Роғун”, пурра татбиқ ёфтани ҳадафи дуюми стратегии кишвар, яъне аз пурра бунбасти коммуникатсионӣ баромадани Тоҷикистон ва дигар дастовардҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба соли таърихӣ дар ҳаёти кишвар табдил ёфт.

Ҳамзамон, Пешвои миллат дар назди вакилони халқ, Ҳукумат ва фаъолони ҷомеа ҷиҳати тақвияти дастовардҳои соли гузашта як қатор вазифаҳои муҳимро гузоштааст, ки мо сохторҳои ҳизбӣ метавонем, дар иҷрои аксари ин дастурҳо саҳми бориз гузорем, аз ҷумла вобаста ба вазифаҳои зерин:

  1. Мусоидат дар ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва рушди коммуникатсияи кишвар аз роҳи сафарбар намудани аҳли ҷомеа ба хоҷагидорию кишоварзӣ ва бунёди роҳҳои маҳаллӣ;
  2. Саҳм гузоштан дар рушди устувори иқтисодӣ ва баланд гардидани сатҳи  некӯаҳволии мардум тавассути таъмини татбиқи пурраи қонунҳои миллӣ;
  3. Бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар самти тавсеаи имкониятҳои истеҳсолии мамлакат ва беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ;
  4. Мусоидат дар тақвияти нерӯи инсонӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои милливу давлатӣ;
  5. Тарғиби афзалиятҳои соҳибкорӣ бо мақсади инкишофи бахши хусусӣ ва беҳбуд бахшидан ба вазъи бозори меҳнат ва ғайра.

Ҳамзамон, дар Паёми Пешвои миллат масъалаҳо дар доираи 15 самту соҳаҳои муҳимми ҷомеа – молия, саноат, иқтисод, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ, экология, сайёҳӣ ва рушди деҳот, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, занону ҷавонон, ҳуқуқу волоияти қонун, амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷӣ таҳлил ва дар доираи онҳо вазифаҳо барои соли 2019 мушаххас гардиданд.

Дар Паём ба самти рушди молия диққати аввалиндараҷа дода шуда, дар муҳокимаи масъалаи мазкур паёмадҳои иқтисодиву иҷтимоии раванди тағйир ёфтани муносибатҳои иқтисодии байналмиллалӣ, вазъи бозорҳои молиявӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, муътадил нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, таъмин намудани фаъолияти босуботи низоми бонкӣ  ва боз ҳам беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ баррасӣ гардиданд.

Вобаста ба ин, вазифаи сохторҳои ҳизбӣ ва аҳли ҷомеа чунин муайян карда мешаванд:

  • Ҳангоми суҳбату вохӯриҳо дар маҳал ба дарки ҷомеа расонидани аҳамияти супоридани андоз ва дигар пардохтҳои давлатӣ;
  • Зимни суҳбату вохӯриҳо дар ташкилоту муассисаҳо тарғиби истифодаи босамар аз воситаҳои хизматӣ ва сарфакорона харҷ кардани маблағҳои буҷет;
  • Ба дарки соҳибкорон расонидани аҳамияти сармоягузорӣ дар лоиҳаҳои хурду бузурги тиҷоратии сатҳи маҳал;
  • Фаҳмонидани моҳияти истифода аз хизматрасонии бонкӣ, гузоштани пасандозҳо ва истифода аз қарзҳои имтиёзнок;
  • Ба ҷомеа фаҳмондани ин нукта, ки кортҳои пулӣ танҳо воситаи пулнақдкунӣ набуда, аз онҳо ҳамчун як воситаи мақсаднок ва сарфакорона истифода бурдани пул мутобиқ ба эҳтиёҷот истифода баранд, то ба мувозинати хизматрасонии бонкҳо низ таъсири манфӣ нарасад ва ғайра.

Пешвои миллат дар Паёми имсола саноатикунонии кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуда, таъкид намуданд, ки то соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 22% расонида шавад. Дар ин муддат амалишавии нақшаи гузариши кишвар аз шакли аграрӣ ба индустриалӣ – аграрӣ пешбинӣ гардидааст. Ҳамзамон, бо дастури Пешвои миллат ҷиҳати дастгирии минбаъдаи соҳибкорон дар кишварамон “300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ” амалӣ карда мешавад  Ин тадбирҳо дар дарозмуддат боиси рушди иқтисоди миллӣ гардида, Тоҷикистонро аз кишвари ру ба рушд ба марҳилаи нави тарақиёт ворид месозад. Дар ин самт сохторҳои ҳизбӣ ва аҳли ҷомеа вазифадоранд, ки:

  • Таваҷҷуҳи соҳибкоронро ба рақобатпазир сохтани молҳои истеҳсолӣ ва ба талаботи бозори ҷаҳонӣ мувофиқ кардани онҳо ҷалб сохта, аҳамияти зиёд кардани содирот ва кам кардани воридотро дар пешрафти иқтисод ва баланд гаштани сатҳи некӯаҳволии ҷомеа ба таври дахлдор фаҳмонанд;
  • Соҳибкоронро ба моҳияти “Стратегияи миллии рушди иқтисоди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ба таври лозимӣ шинос карда, саҳми онҳоро дар таҳия ва амалисозии лоиҳаҳои иқтисодӣ фаҳмонанд;
  • Бо шарҳу тавзеҳи имтиёзҳои дар Паём пешбинишуда дар самти иқтисод ва саноат, мардумро ба амалисозии лоиҳаҳои гуногун ва ворид намудани технологияи муосир ҳавасманд созанд;
  • Дар заминаи рушди иқтисодиёти кишвар зиёд шудани музди меҳнати кормандони соҳаҳои алоҳида, стипендия ва ҳадди ақалу ҳадди ниҳоии нафақаро бо ҷалби мутахассисони молияшинос, дар байни мардум шарҳ дода, дар ин замина аҳамияти масъулияти шаҳрвандиро дар супоридани андоз ва иҷрои дигар уҳдадориҳои давлатӣ фаҳмонанд;
  • Соҳибкоронро бо назардошти фаҳмонидани имтиёзҳои пешбинигардида дар бунёди корхонаҳои саноатӣ ҳавасманд намоянд;
  • Дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор ҷиҳати фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкорӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва фаъол гардонидани сармоягузории хориҷӣ мусоидат намоянд;
  • Ҳамкории қаноти ҷавонони ҳизб – ТҶҶ “Созандагони Ватан”-ро бо корхонаҳои саноатӣ дар самти омода намудани кадрҳо бо ихтисосҳои техникиву технологӣ ба роҳ монанд ва ғайра.

Расидан ба Истиқлолияти комили энергетикӣ ҳамчун ҳадафи муҳимми стратегӣ пайваста дар мадди назари Пешвои миллат қарор дошта, тавре дар Паём зикр гардид, дар 10 соли охир иқтидори истеҳсолии низоми энергетикии кишвар дар ҳаҷми 120 мегават зиёд карда шуд ва беш аз 1300 километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат сохта ба истифода дода шуданд. Ҳамзамон, доир ба аҳамияти сохтмони НБО “Роғун”, нақши он дар дароз шудани умри НБО “Норак”, то 4 миллиард киловат/соат афзудани тавоноии нерӯгоҳҳои амалкунандаи масири дарёи Вахш ва лоиҳаи минтақавии КАСА-1000 андешаҳои таҳлилӣ пешниҳод карда шуд. Дар зимн мебояд ёдовар шуд, ки сохторҳои ҳизбӣ ва аҳли ҷомеаро зарур аст дар ин росто саҳми арзандаи худро гузошта, корҳои зеринро ба анҷом расонанд:

  • Дар самти баланд бардоштани маърифати ҷомеа, вобаста ба оқилона ва сарфаву сарриштакорона истифода бурдани нерӯи барқ ва саривақт супоридани ҳаққи хизмати он аз роҳи бурдани тарғиботи фаъол саҳм гузоранд;
  • Аз роҳи тарғибу ташвиқи созанда ба раванди гузариш ба ҳисобкунакҳои муосир ва шакли электронии пардохти ҳаққи хизмати барқ суръати тоза бахшанд;
  • Кӯшишҳои давлату ҳукуматро дар мавриди расидан ба истиқлолияти энергетикӣ (сохтани нерӯгоҳҳои барқии нав ва таҷдиду навсозии нерӯгоҳҳои мавҷуда бо назардошти маблағҳои дар ин самт ҷудошуда) ба мардум шарҳ диҳанд;
  • Ҷавононро барои кор дар сохтмони аср – НБО “Роғун” ҳавасманд сохта, бартарияти онро нисбати кор дар муҳоҷирати меҳнатӣ фаҳмонанд;
  • Моҳияти аз лиҳозӣ экологӣ тоза будани барқи Тоҷикистон ва нақши он дар рушди “иқтисоди сабз”-ро тавассути ВАО васеъ тарғиб намоянд ва ғайра.

Дигар масъалае, ки дар Паёми Пешвои миллат баён гардид, ин масъалаи нақлиёт ва коммуникатсия буд. Тавре зикр гардид: “Дар шароити Тоҷикистон, ки 93 фоизи қаламрави он аз кӯҳҳо иборат аст, соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодӣ аҳамияти бузург доранд”. Ҳамзамон қайд гардид, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ 2100 км роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмиллалӣ ва 1000 км роҳҳои мошингарди дохилӣ, ҳамчунин, нақбу пулу роҳҳои оҳан таҷдиду азнавсозӣ шуданд. Дар ин самт 7 вазифаи Ҳукумати кишвар мушаххас ва муайян карда шуд, ҷомеа бояд аз моҳияти онҳо огоҳ бошад:

  1. Тавсеаи минбаъдаи шабакаи долонҳои нақлиётӣ ва тақвияти инфрасохтори нақлиётӣ;
  2. Баромадан ба бандарҳои баҳрӣ;
  3. Бунёди терминалҳои наздисарҳадӣ ва марказҳои логистикӣ;
  4. Навсозии заминаҳои моддиву техникӣ;
  5. Таҷдиди паркҳои нақлиётӣ;  
  6. Афзоиши ҳамлу нақли молу маҳсулот;
  7. Ба масири транзити ҳавоӣ табдил додани кишвар.

Дар ин самт вазифаҳои сохторҳои ҳизбӣ якҷоя бо аҳли ҷомеа аз он иборатанд, ки:

  • Дар татбиқи вазифаҳои дар боло зикршуда аҳли ҷомеаро сафарбар намоянд;
  • Ба соҳибкорони истифода аз роҳҳо ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо Чин, Афғонистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ҷиҳати рушди соҳибкорӣ тавсияву тағиб намоянд;
  • Моҳияти стратегии коммуникатсия, махсусан, сохтмони роҳу нақб ва пулҳоро дар пешрафти иқтисоди миллӣ, ба таври васеъ шарҳу тавзеҳ диҳанд;
  • Дастовардҳои Тоҷикистонро ҷиҳати баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва раванди иҷроиши тадбирҳо дар самти таъмиру азнавсозии роҳҳои кишвар тарғиб намоянд ва ғайра.

Дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат рушди соҳаи кишоварзиро масъалаи ҳаётан муҳим арзёбӣ намуда қайд карданд, ки “Ҳадафи стратегии дигар, ки ба таъсиси ҷойҳои корӣ ва афзун гардонидани иқтидори содиротии кишвар таъсири бевосита мерасонад, ҳифзи амнияти озуқаворӣ тавассути рушди соҳаи кишоварзӣ мебошад”. Ҳамзамон, дар рафти Паём зикр гардид, ки танҳо 10-12%-и нахи пахта дар дохили кишвар коркард шуда, содирот дар соли 2018 нисбат ба соли 2017 ду баробар афзудааст. Бо назардошти ин Пешвои миллат супориш доданд, ки соли 2019 ягон килограм пахта бе коркард ҳамчун ашёи хом содир нашавад. Ҳамзамон, Пешвои миллат ба масъалаи азхудкунии заминҳои нави корам ва бо назардошти афзоиши шумораи аҳолӣ таъмин намудани мардум бо маводи ғизоӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Дар ин росто вазифаи сохторҳои ҳизбӣ ва аҳли ҷомеа аз он иборат аст, ки:

  • Ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ бо назардошти имтиёзҳои давлатӣ дар ин самт миёни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ баранд;
  • Деҳқононро ба истифодаи самараноки обу замин, зиёд намудани майдони боғу токзор ва дар баробари таъмини бозори дохилӣ ба меваҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза, инчунин ба хориҷи кишвар содир намудани маҳсули заҳмати худ аз роҳи тарғиботи солим ҳавасманд намоянд;
  • Ба соҳибкорони истеҳсолӣ аҳамияти молиявӣ ва баланд будани сатҳи даромаднокӣ аз коркард ва баъдан ба фуруш баровардани нахи пахтаро нибат ба ашёи хоми он бо ҷалби мутахассисони соҳа фаҳмонанд;
  •  Мардумро тариқи ҳашар ва бо таъмин намудани техникаи ёрирасон ба тоза намудани ҷӯю заҳбурҳои назди заминҳои корам сафарбар намоянд;
  • Раванди сохтани гармхонаҳо ва аҳамияти он ҷиҳати ба бозор баровардани маҳсулоти барвақтиро ба деҳқонон фаҳмонида, бо ҷалби мутахассисон ҷанбаҳои даромаднокӣ аз онро тарғиб намоянд ва ғайра.

Аз масъалаҳои дигари ҳаётан муҳим, ки дар Паём зикраш рафт ин масъалаи обу экология буд. Пешвои миллат аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки: “Бо вуҷуди он ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги об мебошад, таъминоти аҳолии деҳоти кишвар бо оби босифати ошомиданӣ беҳбудии ҷиддиро талаб менамояд”. Ҳамзамон, Пешвои миллат вобаста ба тағйироти глобалии иқлим, ба вазъи ташвишовари экологӣ гирифтор шудани минтақаҳои алоҳида ва омодагии Тоҷикистон ба таъмини кишварҳои минтақа ба оби нӯшокии аз лиҳози экологӣ тоза изҳори назар намуд. Бо назардошти мушкилот ва имкониятҳое, ки Пешвои миллат дар ин самт зикр намуданд, сохторҳои ҳизбӣ ва аҳли ҷомеа вазифадоранд, ки:

  • Амалишавии ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ ва ҳамзамон ташкили чорабиниҳо ба оғози расмии Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”-ро тарғиб карда, минбаъд низ дар амалисозии ҳадафҳои олии дар ин самт пешбинишуда ҷаҳду талош намоянд;
  • Мардумро бо назардошти урфу одатҳои миллӣ ба эҳтироми об ташвиқ карда, расидан ба қадри ин неъмати бебаҳоро ба масъалаи эмониву виҷдонӣ табдил диҳанд;
  • Ба сокинон моҳияти пардохти ҳаққи хизмати истифода аз обро ҷиҳати бунёди инфрасохтори нави обкашӣ ва таъмини дигар сокинони кишвар бо оби ошомиданӣ фаҳмонанд;
  • Назари хайрхоҳонаи Тоҷикистонро ҳамчун молики захираҳои бузурги об ҷиҳати таъмини кишварҳои минтақа бо оби ошомиданӣ тавассути ВАО васеъ тарғиб намоянд;
  • Корҳои хайру сахои мардум, хусусан хароҷоти ғайриқонуние, ки дар рафти маъракаҳои азодорӣ ташкил мекунанд ба самти кашида баровардани хатҳои оби нӯшокӣ ва дигар корҳои созандагӣ дар маҳал сафарбар намоянд ва ғайра.

Дар идомаи Паём зикр гардид, ки Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ба дарки аҳаммияти самтҳои мазкур дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардум такони ҷиддӣ бахшида, шумораи сайёҳоне, ки соли 2018 ба Тоҷикистон омаданд, нисбат ба соли 2017 дуюним баробар афзуд, вале барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда як сол басанда нест ва барои рушди инфрасохтори соҳа дар ҳамаи минтақаҳои кишвар бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд. Бо назардошти ин Пешвои милат иброз доштанд, ки: “Бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои зикршуда ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот пешниҳод менамоям, ки солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шаванд”. Мақсади  асосии ин пешниҳод пеш аз ҳама ҳалли масоили иҷтимоии ҷомеа, хусусан сокинони деҳот муаррифӣ шуд.

Дар ин радиф вазифаҳои сохторҳои ҳизбӣ ва аҳли ҷомеа аз чунин бандҳо иборатанд:

  • Дар рушди деҳот тавассути вусъат бахшидани аксияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” мусоидат намоянд;
  • Корҳои хайру сахои сокинон ба ободонии маҳал ва такмил додани инфрасохтори иҷтимоиву сайёҳӣ, пеш аз ҳама инфрасохтори соҳаҳои маорифу тандурустӣ сафарбар намоянд;
  • Дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ аз роҳи сафарбар кардани сокинон ба бунёди муассисаҳои хизматрасонӣ (аз қабили сартарошхона, ҳаммом, дуконҳои ҳунарҳои мардумӣ, марказҳои омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ...)мусоидат намоянд;
  • Бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ аз роҳи ҳашар ва ҷалби соҳибкорону шахсони саховатпеша ба роҳ монанд;
  • Аҳли ҷомеаро ба саҳмгузорӣ дар рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо инобати шарҳи мушаххаси имтиёзҳои давлатӣ (андозу пардохтҳо, лоиҳаву грантҳои давлатӣ ва даромадҳое, ки аз ин ҳисоб ба даст овардан мумкин аст) ташвиқ намоянд;
  • Аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар васоити ахбори омма табиати биҳиштосои Тоҷикистон, маконҳои таърихӣ (бо назардошти дастовардҳои донишмандони бостоншинос ва коффтуковҳои археологӣ, ҳамчунин қиссаву ривоятҳои вобаста ба он) ва имкониятҳои дигари мавҷударо ҷиҳати рушди саёҳати дохиливу хориҷӣ тарғиб намоянд;
  • Аҳолиро ҷиҳати дар хона истеҳсол намудани молҳои ниёзи мардум ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ва аз ин роҳ таъсиси ҷойҳои нави корӣ ҳавасманд намоянд;
  • Барои муаррифии бештари дастовардҳо дар самти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аксия ва дигар чорабиниҳои оммавӣ доир намуда, ба ҷомеа фаҳмонанд, ки сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ яке аз соҳаҳои даромаднок ва манбаи ҷойҳои корӣ мебошад;
  • Бо ҷалби аҳли ҷомеа дар тозагиву покизагии ҷойҳои таърихӣ ва мавзеъҳои наздик ба он мусоидат намоянд;
  • Бо ҷавонон дар мавриди риояи рафтору муносибатҳои дурусти муошират бо шаҳрвандони хориҷӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намоянд ва ғайра.

Аз дигар самтҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа, ки дар Паём зикр гардид, рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ буд.  Тавре Пешвои миллат зикр намуданд, давлату Ҳукумати Тоҷикистон пайваста ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ эътиборӣ ҷиддӣ дода, бештари маблағҳои буҷа ба рушди ин соҳаҳо нигаронида мешаванд. Ҳамзамон, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки ба бунёди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ аҳамияти ҷиддӣ дода шуда, дар тамоми муассисаҳои таҳсилотии кишвар ба масъалаи кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот аҳамияти аввалиндараҷа дода шавад. Вобаста ба соҳаи тандурустӣ бошад, Пешвои миллат аз паст будани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва муоширати табибон, инчунин камбудиҳо вобаста ба масъалаи расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ изҳори нигаронӣ карда, ба масъулон ҷиҳати ислоҳи ҳар чи зудтари вазъ дастуру супоришҳои мушаххас дод. Вобаста ба ин масъала сохторҳои ҳизбӣ вазифадоранд, ки:

  • Ҷавонону наврасонро ба илмомӯзӣ тарғиб карда, ҷиҳати бедор кардани тафаккури эҷодии онҳо ва ихтирооту навовариҳо чорабиниҳои илмӣ-маърифатӣ доир намоянд;
  • Ҷомеаро ба ташкили шароити мусоид барои таълиму тарбияи фарзанд дар хона ва баланд бардоштани маърифати хонаводагӣ дар муомила муносибат ва рафтору гуфтор сафарбар созанд;
  • Вобаста ба интихоби касби наврасону ҷавонон ва тақвият бахшидани омӯзиш мувофиқ ба касби интихобкардаашон чорабиниҳои маърифатӣ-зеҳнӣ ташкил кунанд;
  • Эҳсоси рақобати илмиву эҷодӣ ва навовариро дар ҷомеа бо назардошти рушди илму технология дар самту соҳаҳои алоҳида бедор карда, ташаббусҳои созандаро дастгирӣ намоянд;
  • Тавассути гуруҳҳои вакилии ҳизбӣ дар маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ сатҳи таълиму тарбияро дар муассисаҳои таълимӣ мавриди назорати доимӣ қарор диҳанд;
  • Ба дарки падару модарон расонанд, ки ба таври инфиродӣ сифати таълиму тарбияи фарзандаш ва сатҳи дониши сатҳу сифати дарси омӯзгоронро зери назорат гиранд ва ғайра.

Масъалаи дигаре, ки дар Паёми Пешвои миллат зикр гардид, ин рушди фарҳанги миллӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ буд. Тавре пешвои миллат қайд намуданд: “Мо дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи фарҳанг ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи нерӯҳои зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, ойину анъана, дигар муқаддасоти миллӣ ва ташаккулдиҳандаи одобу ахлоқи ҳамида эътибори доимӣ медиҳем”. Нуктаи муҳимме, ки дар ин самт Пешвои миллат баён доштанд, ин ба феҳристи модииву ғайримодии ЮНЕСКО ворид гардидани як қатор иншоот ва дастовардҳои таърихии фарҳангиамон, аз ҷумла Чакан ва соли 2020 ҷашн гирифтани 5500 солагии шаҳри қадимаи саразм буд. Дар ин росто сохторҳои ҲХДТ дар вилояти Хатлон вазифадоранд, ки:

  • Бо назардошти иқдоми Пешвои миллат дар самти устувор сохтани мавқеи фарҳангии миллати тоҷик ва ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид намудани мусиқии Фалак, ёдгории Ҳулбук ва ҷашнҳои Меҳргону Сада ҷиҳати тарғиби таърихи ташаккул ва моҳияти маънавии ҷашну суннатҳои ниёгон ва нақши онҳо дар ташаккули фарҳанги умумиҷаҳонӣ чораҳои зарурӣ андешанд;
  • Ҷомеаро дар роҳи амалӣ гардидани вазифаҳои муайяншудаи фарҳанги миллӣ дар марҳилаи муосир сафарбар намоянд;
  • Бо тарғибу ташвиқи созанда ва нишон додани намунаи шахсӣ дар беҳтар гардидани фаъолияти муассисаҳои таълимии санъату ҳунар, осорхонаву китобхонаҳо, театрҳо ва марказҳои фарҳангӣ мусоидат намоянд;
  • Тарбияи эҳсоси зебоипарастӣ ва дарки фарҳанги асилро дар замири аҳли ҷомеа ба роҳ андохта, ҷиҳати ҳар чи бештар сафарбар намудани мардум ба муассисаҳои фарҳангӣ талошу кӯшиш намоянд;
  • Дар рушди фарҳанги миллӣ аз роҳи тарғиби амалии он дар миёни ҷомеа мусоидат кунанд;
  • Ба хотири рушди фарҳангу ҳунар маҳфилу нишастҳои фарҳангӣ доир намоянд ва монанди он.

Аз дигар масъалаҳои умдае, ки дар Паёми Пешвои миллат зикр гардид, ин мавқеи занону ҷавонон дар ҷомеа буд. Вобаста ба ин Пешвои миллат иброз доштанд, ки “Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем”. Ҳамзамон,  нисбати ҷавонон бо қаноатмандӣ чунин иброз доштанд: “Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем”. Дар ин росто Пешвои миллат як қатор масъалаҳое, ки ба дастгирии давлативу сиёсии ҷавонону занон марбут буд, мавриди баррасӣ қарор дода, ба мақомоти марбута дастуру тавсияҳои муфид дод. Вобаста ба ин, вазифаҳои сохторҳои ҳизбӣ аз он иборат аст, ки:

  • Дар татбиқи амалии сиёсати Пешвои миллат дар самти занону ҷавонон ҳамаҷониба мусоидат кунанд;

· Аз нерӯи созандаи занону ҷавонон дар татбиқи қонунҳои миллӣ, пойдориву устувории фарҳангӣ милливу забони давлатӣ ва пешгирӣ аз пайдоиши терроризму экстремизм васеъ истифода баранд;

· Дар рушди инфрасохтори варзишӣ мусоидат намуда, ҷавононро ба варзиш ва дигар корҳои солимгардонӣ ҷалб созанд;

  • Ҳисси баланди худшиносӣ ва худогоҳиву ватандӯстиро дар занону ҷавонон бештар намоянд ва ғайра

 

Қисмати ниҳоии Паёми имсоларо ҳифзи амният ва тартиботи ҳуқуқӣ ташкил медиҳад, ки дар рафти он масъалаҳои риояи қонунгузорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, кафолати ҳамаҷонибаи адолати судӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва пешгири аз хатарҳои терроризму экстремизм баррасӣ карда шуданд. Инчунин, аз афзоиши ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта изҳори нигаронӣ карда шуда, қайд гардид, ки: “Ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳимми фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад”.

Дар ин самт сохторҳои ҳизбӣ уҳдадоранд:

  • Муборизаи мардумро бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуби хусусияти террористиву экстремистӣ дошта ва падидаҳои иҷтимоии ба онҳо мусоидаткунанда, аз қабили терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, коррупсия ва ғайра тақвият бахшанд;
  • Дар ҷомеа бо ташкили механизми дурусти корбарӣ ҳисси нафрату муқовимат бар зидди амалҳои номатлубро ба вуҷуд оранд;
  • Омилҳои зуҳур намудани коррупсияро мушаххас сохта, мавриди муҳокимаи умум қарор дода, маҳкум созанд ва дар амри фаро гирифтани мафкураи зиддикоррупсионӣ мусоидат кунанд;
  • Саъю кӯшишро пеш аз ҳама ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвар сафарбар созанд;
  • Дар ниҳоди ҷавонон ҳисси ватандӯстиро баланд, намуда, нақши онҳоро дар таъмини оромиву субот ва ҳифзи марзи давлатӣ тарғибу ташвиқ намоянд;
  • Вазъияти мураккаби сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии давлатҳои пешрафтаеро, ки замоне ба гирдоби таҳаввулоти геополитикӣ афтида, бо аз даст додани сулҳу субот ва амният ба чунин рӯзҳо расидаанд барои аҳли ҷомеа хотирнишон созанд;
  • Дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолиро тарғиб намоянд ва ғайра.

Дар хулосаи Паёми худ Пешвои миллат масъулонро ба хизмати софдилона ба халқу ватан даъват намуд: “Як масъалаи муҳимро ҳамеша дар хотир дошта бошем: тибқи Конститутсия халқ сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ мебошад, яъне ҳокимият ба халқ тааллуқ дорад.Бинобар ин, ҳар яки мо — роҳбарони тамоми сохтору мақомоти давлатӣ ва кулли хизматчиёни давлатӣ бояд ба халқ содиқона хизмат кунем, на халқ ба мо”.

Ҳамзамон, дар муроҷиат ба халқи шарафманди тоҷикистон иброз дошт, ки: “Мо бояд аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем, ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафтаву нерӯманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона кунем”.

Мо кормандони масъули ҳизбиро мебояд дар баробари тарғиби нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ҳамзамон дар самти татбиқи бандҳои дахлдори он саҳми арзанда гузошта, аз ин роҳ масъулияти худро дар роҳи иҷрои Барнома ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ таъмин кунем.

Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ - Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg