Санаи 03.01.2018 дар толори театри вилоятии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ ҷамъбаст намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робита бо маҳал ва дар ин росто ҳавасманд гардонидану супоридани ҷоизаҳои «Беҳтарин муаррифкунандаи мавзеъҳои сайёҳӣ», «Беҳтарин намоиши ҳунарҳои мардумӣ», «Армуғони хатлонӣ», «Маликаи Хатлон», «Тарроҳи Хатлон» ва “Беҳтарин доиркунандаи чорабинии сатҳи маҳал” чорабинии васеи фарҳангӣ баргузор гардид. Дар рафти чорабинӣ раиси Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Бахтовар Амиралӣ, узви Кумитаи иҷроияи Марказӣ ва вилоятии ҲХДТ, муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода Махфират Умар, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯза Шарифи, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ ва дигар шахсони расмӣ аз 25 шаҳру навоҳии вилоят иштирок намуданд.
Нахуст, меҳмонон ва интирокчиён аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, беҳтарин намунаи армуғонҳои Хатлон ва аксу тасвирҳои аксбардорону рассомони шаҳру ноҳияҳои вилоят дидан карда, ба ҳунари дасти соҳибкасбон аҳсану офарин гуфтанд. Тавре қайд гардид, аксари ин ҳунармандон маҳз бо дастгириву сафарбаркунии сохторҳои ҲХДТ дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон аввалин бор намунаи ҳунарашонро дар сатҳти маҳал ва баъдан дар сатҳи вилоят ба намоиш гузоштанд.
Баъдан меҳмонон ва иштирокчиён ба тамошои барномаи фарҳангии омоданамудаи ҳунармандони вилоят даъват карда шуданд. Дар рафти барномаи фарҳангӣ ҳунармандон бо таносуби ороиши саҳна, либоси миллӣ ва урфу анъанаҳои мардумӣ сурудҳои ҷолибу хушоҳанг сароиданд.
Дар миёни ҳар суруду оҳанг маросими супоридани ҷоизаҳо аз тарафи меҳмонону шахсони масъул ба беҳтаринҳо сурат гирифт.
Нахуст аз тарафи узви Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва вилоятии ҲХДТ, муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода Махфират Умар ва ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Амриддин Кабиров ба ғолибони ҷоизаи “Беҳтарин муаррификунандаи мавзеъҳои сайёҳӣ” аз руйи ду номинатсия: “Аксбардори беҳтарин” (ҷойи аввал Муродова Марҷона аксбардор аз ноҳияи Балҷувон, ҷойи дуюм Мирзобаротов Салоҳиддин аксбардор аз ноҳияи Муъминобод ва ҷойи сеюм Зоиров Сабзалӣ аксбардор аз шаҳри Норак) ва “Наққоши беҳтарин” (ҷойи якум Орифов Бобоҷон-наққош аз ноҳияи Муъминобод, ҷойи дуюм Саидов Ҷумъахон-наққош аз ноҳияи Ш.Шоҳин ва ҷойи сеюм Муродов Азизулло-наққош аз ноҳияи Фархор) дар сатҳи тантанавӣ диплом ва ҷоизаҳои таъсисдодаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлонро супориданд.
Дар маросими супоридани ҷоизаҳои озмуни “Тарроҳи Хатлон” вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯза Шарифӣ рӯи саҳна баромада ғолибони озмун - ҷойи якум Ахмедова Садбарг-тарроҳ аз ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ҷойи дуюм Холматова Мастура-тарроҳ аз ноҳияи Ш.Шоҳин ва ҷойи сеюм Асоева Маърифат -тарроҳ аз шаҳри Бохтарро муаррифӣ ва ба онҳо диплому ҷоизаҳои таъсиснамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлонро тақдим кард.
Бояд қайд кард, ки барои ҳавасманд намудани ҳунармандони маҳал ва ҳамзамон зиёд гардидани номгӯи армуғонҳо барои сайёҳони хориҷӣ аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон озмуни “Армуғони хатлонӣ” эълон шуда буд, ки дар он Абдуллоқулов Хуршед-ҳунарманд аз шаҳри Бохтар сазовори ҷойи аввал, Аҳтамова Мушкиниссо-ҳунарманд аз шаҳри бостонии Кӯлоб ҷойи дуюм ва Имомқулова Нафиса ҳунарманд аз ноҳияи А.Ҷомӣ ҷойи сеюмро соҳиб шуданд. Ғолибонро раиси Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Бахтовар муаррифӣ карда, бо диплому ҷоизаҳои ҳизбӣ сарфароз намуд.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар озмуни "Маликаи Хатлон" беш аз 100 нафар довталабон аз шаҳру навоҳии вилоят иштирок намуда буданд, ки аз миёни онҳо Одинаева Моҳира таҳти №60 аз ноҳияи Ҳамадонӣ соҳиби ҷойи сеюм, Қурбонхонова Гулафрӯз таҳти №25 аз ноҳияи Ҷайҳун соҳиби ҷойи дуюм ва соҳиби шоҳҷоиза нишони “Маликаи Хатлон”, яъне ҷойи аввал Қудратова Беназир таҳти №94 аз ноҳияи Данғара тариқи овоздиҳӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ муайян карда шуданд. Диплом ва ҷойизаи ғолибонро ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Аловуддин Абдуллоев супорид.
Дар ин росто, ба хотири натиҷагирӣ ва ҳавасманднамоии сохторҳои ҳизбии вилоят аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон озмуни “Беҳтарин доиркунандаи чорабинии сатҳи маҳал” эълон ва баргузор гардид, ки Шоҳҷои озмун ба хотири ташаббускорӣ дар баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робита бо маҳал насиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ гардид. Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Кушониён, Панҷ, Левакант, Ёвон, Н.Хусрав, Ҷ.Балхӣ ва Темурмалик сазовори ҷойи якум, Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Норак, Балҷувон, Вахш, Қубодиён, Фархор, Ҷайҳун ва Хуросон сазовори ҷойи дуюм ва Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Дӯстӣ, Ховалинг, Восеъ, Муъминобод, Ш.Шоҳин, Шаҳритуз ва Данғара сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Ҷойиза ва дипломҳои ғолибонро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ супорид. Ҳамзамон, барои иҷроияи бечунучарои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб ва нишон додани масъулияти баланди корбариву коргузорӣ Парчами ифтихории ҲХДТ ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ супорида шуд. Ин анъана минбаъд низ идома ёфта ҳар сол Парчами ифтихории ҲХДТ ба кумитаи иҷроияи фаъолтарин ҳамчун эстафета супорида мешавад.
Дар баробари диплому ҷоиза аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон барои сохторҳои ҳизбии ҳамаи шаҳру ноҳияҳо як ададӣ компютер бо тамоми қисмҳои кориаш туҳфа карда шуд.
Дар фароварди чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ ба роҳбарият ва кормандони ҳамаи сохторҳои ҳизбии вилояти Хатлон барои фаъолияти пурсамар нишон доданашон дар соли 2018 изҳори миннатдорӣ баён намуда, дар фаъолияти минбаъдаи кориашон барору комёбӣ таманно намуд.