БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём – масъулиятро баланд месозад

КӮЛОБ. Мутобиқ ба ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Осорхона” оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” роҳандозӣ гардид.

Зимни баргузории аксияи мазкур аъзо ва ҷонибдорони ҳизб бо руҳияи баланди ватандорӣ гирду атрофи Осорхонаро тозаву озода карда, бехи гулу гулбуттаҳоро нарм намуданд.

Сипас, бо иштироки Валиева Саъбагул  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва аъзои Кумитаи иҷроия, роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, директори муҷтамаи осорхонаҳои 2700-солагии шаҳри Кӯлоб Ҳотам Раҷабӣ Асозода атрофи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумуҳурии Тоҷикистон мулоқот доир карда шуд.

Нахуст, Валиева Саъбагул қайд дошт, ки Паёми навбатии Пешвои миллат ҳамчун ҳуҷҷати муайянкунандаи самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷӣ ва фарогири масъалаҳои муҳиму рӯзмарра буда, дар он тамоми самтҳои фаъолияти ҷомеаи мо ба риштаи таҳлил кашида шуда, вобаста ба таҳлилҳои гузаронидашуда ба таври мушаххас масъалагузориҳо сурат гирифтанд.

Инчунин, Ҳотам Раҷабӣ Асозода вобаста ба нуктаҳои асосии Паём ибрози назар намуда, гуфт, ки мо аъзо ва ҷонибдорони ҳизбро зарур аст ҷиҳати тақвияти фаъолият, иҷрои дастурҳо ва ба даст овардани ҳадафҳои гузошташуда, ки дар Паёми худ Пешвои миллат муайяну мушаххас намуданд, фаъолу саҳмгузор бошем.

Дар фарҷом ба аъзои нави ҲХДТ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg