БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Миллати солим таҳкурсии ҷомеаи солим мебошад

ВОСЕЪ. Дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи касалиҳои пӯст»-и ноҳия бо иштироки раиси Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафарова Ҳафиза, мудири шуъбаи  таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Гулрухсор Мирзоева ва мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Ситамова Роҳила хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Зимни баргузории хониши сиёсӣ раиси Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафарова Ҳафиза бо кормандони ташкилоти ибтидоии мазкур атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ суҳбат ороста, табибонро водор сохт то дар кори худ содиқона ва софдилона кору фаъолият намоянд. Яке аз масъалаҳое, ки бо вучуди таъкидҳои доимии Пешвои миллат ислоҳ нашуда истодааст, ҳоло ҳам паст будани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва муоширати табибон мебошад ва роҳбарони ҳамаи беморхонаҳо вазифадоранд, ки дар ин самт тадбирҳои муассир андешанд.

Масъулин иброз намуданд, ки ҳамаи мо бояд ташаббускор бошем, тамоми кӯшишу ғайрат, донишу малака ва қобилияти ташкилотчигии худро барои ҳифзи солимии мардуми шарифи Точикистон масъулиятноки зоҳир намоем ва ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеаро ба корҳои ободонию бунёдкорӣ сафарбар намоем.

                                                    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg