БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар соли 2018

Муҳтарам Раёсат, ҳозирини гиромӣ. Кумитаи иҷроия ва  дар маҷмуъ сохторҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон соли 2018 фаъолияти худро дар асоси Оиннома, Барнома, қарорҳои Анҷумани XII ҳизб ва маҷлисҳои Раёсату Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, инчунин дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, дар давраи ҳисоботӣ корҳои муайянеро ба анҷом расониданд.

Барои ҲХДТ, ки масъулияти бузурги ватансозиро бар дӯш дорад ва мақсаду вазифааш аз бавуҷуд овардани тафаккури миллӣ ва дар ин замина таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ бо назардошти барномаҳои худ ва манфиатҳои умумимиллӣ иборат аст, дарёфти тарзи дурусти корбарӣ ва самти мақсадноки фаъолияти идеологӣ аз маҳакҳои асосии корбарӣ ба ҳисоб меравад.

Бо ин мақсад, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҷиҳати мукаммал сохтан ва ба низом даровардани фаъолияти идеологии сохторҳои ҳизбӣ дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шурӯъ аз соли сипаришудаи ҳисоботӣ бори аввал самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбиро барои сохторҳои ҳудуди вилоят, нафақат бо назардошти вазъи маҳал ва афкори ҷомеа, балки бо инобати мавқеъ ва ҷойгоҳи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон коркард, таҳия ва қабул намуд.

Самтҳои афзалиятноки фаъолити ҳизбӣ аз мавзӯъҳое иборат мебошанд, ки корбарӣ ва татбиқи дурустӣ онҳо дар давраи кутоҳмуддат ва миёнамуҳлат метавонад мардумро аз хатарҳои замони муосир огоҳ намуда, онҳоро дар самти татбиқи аҳдофи стратегии давлату ҳукумат, инчунин аз байн бурдани мушкилоти мавҷудаи ҷамъиятӣ, пешгирӣ аз гаравиши ҷавонон ба гурӯҳхои террористиву экстремистӣ, нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, таассубу хурофот, инчунин бекорию камбизоатӣ, мубориза алайҳи падидаҳои номатлуби ҷомеа, шинохт ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ, зиракии сиёсӣ, хизмат дар сафи артиши миллӣ, саҳмгузорӣ дар ободонии маҳал ва ғайра фаъол гардонида, дар дарозмуддат мафкураи миллиро бо назардошти манфиатҳои миллӣ ба вуҷуд биёрад. Ҳамзамон, ин василаи хубест барои сафарбар кардани сокинон ба созандагию бунёдкорӣ ва ба ҳамин восита таҳким бахшидани обрӯ ва нуфузи ҲХДТ дар байни сокинони кишвар.

Барои дар амал татбиқ намудани ин ҳадаф ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ робитаи зич ва ногусастанӣ бо оммаи васеи халқ, бахусус дар шароити вилояти Хатлон бо деҳаву маҳаллаҳо амри зарурист. Аз ин рӯ, мо соли 2018-ро барои сохторҳои ҳизбии вилояти Хатлон “Соли тақвияти робита бо маҳал” эълон намудем.

Дар ин радиф, бо мақсади ноил шудан ба ҳадафу вазифаҳои дар ростои “Соли тақвияти робита бо маҳал” муайяншуда, аз ҷониби Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб барои сохторҳои шаҳриву ноҳиявӣ механизми иртибот бо маҳал коркард ва барои корбарӣ тавсия карда шуд, ки тавонист моро бо мақсадҳои дарпешгузоштаамон ноил созад. Механизм аз ҷадвали вохӯрию мулоқот ва барузории чорабиниҳои ҳизбӣ дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳо иборат аст, ки як даври он ҳудуди шаш моҳи аввали соли 2018 ва давраи дуюми он шашмоҳаи дуюми соли 2018-ро дар бар гирифт. Дар  давоми соли 2018 нафақат дар ҳамаи 3374 корхонаву муассисаҳои ҳудуди вилоят, балки дар 1868 деҳаву маҳаллаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон низ ду давраи пурраи вохӯриву суҳбатҳо баргузор гардид. Хотиррасон мекунем, ки дар ин шумора хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ҳисоб гирифта нашудаанд. Агар даври якум танҳо суҳбату  вохӯриҳоро дар бар гирифта бошад, пас  давраи дуюми он аз моҳи июли соли 2018 бо баргузории чорабиниҳои ҳизбӣ дар ростои Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ташкили намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ бо мақсади фаъол гардонидани аҳолӣ дар самти татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегӣ- ҳифзи амнияти озуқаворӣ ҷамъбаст гардид.  Яъне, моҳият ва мақсади асосии марҳилаи аввали суҳбату вохӯриҳо ба дарки мардум расонидани мақсаду ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ва давлату Ҳукумати кишвар ва  давраи дуюми он баргузории чорабиниҳои ҳизбӣ дар ростои Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ба оммаи мардум фаҳмонидани мақсаду моҳияти Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ иборат буд, ки дар маҷмуъ сохторҳои ҳизбии вилоят ба он муваффақ гардиданд.

Барои устувор нигоҳ доштани робитаи барқароршуда бо аҳолӣ ва доимӣ намудани он бо деҳаву маҳаллаҳо, инчунин мунтазам корбарӣ намудан бо аҳолӣ, шарҳу тавзеҳи дурусти иқдомҳои роҳбарияти кишвар, раҳнамоӣ намудани халқ ба созандагию бунёдкорӣ, мусоидат дар ҳалли проблемаҳои мавҷудаи ҷамъиятӣ, барқарор кардани иртибот бо қишрҳои гуногуни ҷомеа, таъмини робитаи доимии мардум бо мақомоти давлатӣ тавассути ҳизб ва ба ҳамин васила боло бурдани обрӯ ва нуфзи ҲХДТ миёни ҷомеа ва зери таъсиру нуфузи ҳизб қарор додани авзои сиёсии кишвар дар заминаи ҳамаи деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди вилоят ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуданд.

Бояд гуфт чунин тадбирҳо нафақат дар вилоят балки дар ҷумҳурӣ барои аввалин бор ба таври сартосарӣ роҳандозӣ гардида, аз ҳама лиҳоз моро ба натиҷаҳои мусбат расонид.

Гузаштан аз марҳилаи якуми корбарӣ ба марҳилаи дуюм имкон дод, ки сатҳи огоҳии мардум вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баланд гардида, афкори онҳо ҷиҳати зери роҳнамоии ҲХДТ амалӣ намудани корҳои созандагиву бунёдкорӣ ташаккул ёбад. Аз ин рӯ, дар марҳилаи дуюм сокинони фаъол, ки аллакай дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ муттаҳид шудаанд, зимни ташкили вохӯриҳо бо ҳисси масъулияти баланди ҳизбӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ, корҳои хонагӣ ва маҳсулоти кишоварзиро ташкил намуда, имкониятҳои сайёҳии маҳалро тавсиф намуданд.

Бо назардошти он, ки ин марҳила давраи оғози корҳои низомноки созандагиву бунёдкорӣ бо ҷалби оммаи васеи сокинон мебошад, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбиро таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” роҳандозӣ кард, ки мақсад аз он ҳалли масъалаҳои дар ҳар як маҳалла мавҷудбуда ва ба ин роҳ саҳм гузоштан дар рушди деҳот ва таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо худи сокинони маҳал мебошад. Дар ин росто яке аз иқдомҳои муҳим ин тозаву сарсабз гардонидани муҳити зист буд, ки бо ин мақсад аз оғози соли 2018 аз ҷониби сохторҳои ҳизбии вилоят 41 навбат шанбегиҳо бо иштироки ҳазорҳо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб гузаронида шуд. Ба ғайр аз ин, тавре раванди Аксия дар нимаи дуюми соли 2018 нишон дод, ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти мардум ва дар ин замина, сафарбар кардани аҳолӣ ба созандагиву бунёдкорӣ, инчунин фаъол гардонидани сокинон дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мавҷуда, дуруст сафарбар намудани корҳои хайру сахо, ҳалли масъалаҳои бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон ба шуғл бо истифода аз қувваи фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ натиҷаҳои дилхоҳ дода истодааст.

Чунончи огоҳем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ солҳои 2019-2021-ро Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуд. Аз ин рӯ, идома додани татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”-ро то соли 2021 ба ҳадафҳои созандаи Пешвои миллат ва Роҳбарияти Олии ҲХДТ мувофиқ дониста, аз ин роҳ саҳми бештари мардумро ҷиҳати ободонии деҳот таъмин месозем.  

Муҳтарам аъзои Раёсат,

Ҳозирини гиромӣ.

Бояд гуфт, андешидани чораҳои муассир имкон дод, ки дар ин марҳила сафи аъзои ҳизб низ зиёд, сохтори ташкилотҳои ҳизбӣ мустаҳкам ва ҳайати он беҳтар гардад. Аз рӯи натиҷаҳои ҷамъбасти соли 2018 шумораи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба 3066 адад расид, ки 1867 ададаш дар соли 2018 таъсис ёфтааст. Шумораи аъзои ҳизб то 1 январи соли 2019-ум ба 182049 нафар расид. Қабули аъзои ҲХДТ дар соли 2018-ум 8652 нафарро ташкил менамояд. Ҳайати сифатии аъзои ҳизб дар вилоят беҳтар шуда, дар ин радиф ба ҷалби занон аҳамияти хоса зоҳир гардид. Аз 182049 нафар аъзои ҳизб дар давраи ҳисоботӣ 89887 нафарро занон ташкил менамоянд, ки 49,4 фоизро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 9928 нафарашон дар соли 2018 ба сафи ҳизб қабул гардидаанд. Ҳамзамон, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар партави сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат ба қишри ҷавони ҷомеа аҳамияти махсус дода, пайваста сафи ҳизбро аз ҳисоби ҷавонони огоҳу худшинос мукаммал месозад. Айни замон аз 182049 нафар аъзои ҳизб 71374 нафарашро ҷавонон ташкил медиҳад, ки нисбати соли 2017 ба миқдори 3200 нафар зиёд мебошад.

Дар маҷмуъ дар давоми соли 2018, ба ғайр аз ҷаласаҳои расмии муқарраршуда, чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ бахшида ба санаҳои муҳимми таърихӣ ва иду ҷашнҳои милливу касбӣ бо шумули сӯҳбату вохӯрӣ бо хоҷагидорон беш аз 11000  чорабинӣ ташкил гардид, ки ин нишондод собиқа надорад. 

Пешбурди корҳои таблиғотӣ дар заминаи таҷлили ҷашнҳои муҳими давлатию миллӣ ва дастгирии кормандони соҳа аз самтҳои дигари фаъолияти сохторҳои вилоятии ҳизб маҳсуб меоябад.

Бахшида ба 25-солагии таъсисёбии Кувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят таҳти унвони “Ҳимояи Ватан рисолати мо ҷавонон аст” чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ вохӯриву аёдати аскарону афсаронро дар қисмҳои низомӣ баргузор намуданд. Зимни баргузории ин чорабиниҳо бо ҷалби бевоситаи кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба қисмҳои ҳарбӣ ба миқдори 29020 сомонӣ кӯмаки моддиву молиявӣ, маводҳои хурока расонида шуда, дастархони идона ороста ва аз ҷониби ҳунармандони шуъбаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо барномаҳои консертӣ нишон дода шуданд. Масалан аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ба қисми низомии 07017 (дивизия), ки дар ноҳияи Қушониён ҷойгир аст як адад компютер ва маводҳои хурока кӯмак расонида шуд.

Бахшида ба иди модарон 8 март аз тарафи кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳо ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба занону модарон ифтихорномаву сипосномаҳо ва ба маблағи 21687 сомонӣ маводҳои хурока, тӯҳфаҳои моливу пулӣ тақдим карда шуданд.

Бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Наврӯзи байналмилалӣ аз тарафи кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳо, ташкилотҳои ибтидоӣ, шахсони хайрхоҳ ва ҷонибдорони ҲХДТ тӯйи домодиву арӯсӣ 1728 ҷуфт навхонадорон, 1303 нафар туйҳои хайриявии кӯдакон аз оилаҳои камбизоат барпо карда шуданд. Ҳамчунин дар ин давра кӯмакҳои модиву молиявӣ ба ятимону барҷомондагон ва шахсони яккаву танҳо расонида шуданд.

Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати расонидани дасти хайру сахо ба ятимону бепарасторон аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар асоси муроҷиати Ҷамъиятҳои маъюбон, нобиноён ва шаҳрвандони алоҳида, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб кӯмакҳои молиявӣ расонида шуд. Дар соли 2018 бо иқдоми раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба Ташкилоти ҷамъиятии эҳё ва дастгирии шаҳри Бохтар, ки дар он зиёда аз 31 нафар кудакони маъюб ба қайд гирифта шудааст, кӯмакҳои модӣ аз қабили маводҳои ғизоӣ тақдим карда шуд.  Ин иқдом аз тарафи аксарият кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ ба амал бароварда шуд. Чунончӣ аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш бо ширкати раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба 12 нафар маъюбон кӯмакҳои яквақтаинаи Кумитаи иҷроия тақдим карда шуд. Кӯмакҳо аз қабили орд, равған, шакар ва дигар маводҳои ғизоӣ иборат буданд. Аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бошад ба 30 нафар маъюбони шаҳр кӯмакҳои яквақтаина расонида шуд. Чунин иқдоми хайрхоҳона, аз тарафи кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи А.Ҷомӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Қубодиён ва Ховалинг бештар ба назар расид.

Дар ин росто ба истиқболи соли нави 2019 аз тарафи сохторҳои ҳизбии вилоят ба ниёзмандону барҷомондагон дасти кӯмак дароз карда шуда, дар маҷмуъ бо ҷалби аъзои фаъоли ҳизб дар ин самт ба маблағи беш аз 20000 сомонӣ ба оилаҳои камбизоат маводи ғизоӣ ва ба ятимон сару либос туҳфа карда шуд.

Ғайр аз ин, соли 2018 ба беш аз 300 нафар ниёзмандоне, ки худ расман ба сохторҳои ҲХДТ дар вилояти Хатлон муроҷиат намуда буданд, ба маблағи 68694 сомонӣ ёрии пуливу молӣ расонида шуд.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар партави сиёсати созандаву маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар доираи Аксияи хайриявии “Мактаб-даргоҳи маърифат” 25 нафанр омӯзгорони пешқадам ва ҳамаи мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоятро  бо туҳфа ва сипосномаҳои таъсиснамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон қадрдонӣ намуд. Бо ин мақсад,  ба ҳамаи кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мактуби дахлдор ирсол гардида, дар ҳамин асос ташкилотҳои ҳизбӣ дар пайравӣ ба ин дастур  барои фароҳамсозии шароит ва ҳалли мушкилоти табақаҳои камбизоати ҷомеа, аз ҷумла ятимону бепарасторон, кӯдакон аз оилаҳои камбизоат ҷиҳати таъмини либос ва дигар лавозимоти мактабӣ дар доираи имкониятҳои молиявии худ, инчунин бо ҷалби шахсони саховатпеша иқдомҳои хайриявиро роҳандозӣ намуданд.

Дар зимн, аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба 12 нафар ва аз ҷониби сохторҳои шаҳриву ноҳиявии ҳизб ба 62 нафар донишҷӯёни болаёқати донишгоҳ ва коллеҷу омӯзишгоҳҳои ҳудуди вилоят ба маблағи умумии 44400 сомонӣ дар як сол Стипендияи ҳизбӣ дода шуд.

Муҳтарам аъзои Раёсат,

Фаъолияти тарғиботиву ташвиқотӣ, ки маҳаки асосии фаъолияти ҳизбиро ташкил медиҳад, соли 2018 бо тарғибу ташвиқи нуктаҳои асосии Паёми Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳҳои татбиқи он оғоз гардид.  Дар ин давра бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсӣ таблиғу ташвиқ намудани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон нақшаи чорабиниҳо таҳия ва бо баргузории беш аз 5000 (аниқтараш 5242) суҳбату вохӯриҳо дар ин самт  татбиқ гардид. Инчунин, дар асоси дастури роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои корӣ оид ба шарҳу тавзеҳ ва баррасии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардид, ки ба ин гурӯҳҳо раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва ҳамаи раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, инчунин аъзои гурӯҳҳои таблиғотии ҳизбӣ ворид ва ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паём сафарбар карда шуданд.

Ҳамзамон, дар пешорӯи рӯйдоди муҳимми таърихӣ - ба кор даровардани чархаи якуми нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» сохторҳои ҳизбии вилояти Хатлон фаъолияти густурдаи таблиғотиро ба роҳ монда, ҳам аз тариқи васоити ахбори оммаву шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳам аз тариқи суҳбату вохӯриҳо аҳамияти бузурги ин иқдоми созандаи Пешвои миллатро шарҳу тавзеҳ доданд. Дар зимн, ҳамаи расони кумитаҳои иҷроияи шаҳру навоҳии вилоят андешаву мақолаҳои пурмуҳтаво навишта, дар матбуоти даврии кишвар ва сомонаҳои ҳизбӣ нашр намуданд, ки чопи онҳо дар шакли китоби алоҳида ҳамчун баёни сипосу эҳтиром ба хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои наздик пешбинӣ шудаанд. Дар ин радиф бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Конференсияи вилоятии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи ғояҳои миллӣ” дар мисоли бунёди НБО “Роғун” дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуд.

Дигар рӯйдоди муҳимми таърихӣ барои кишвари мо дар соли 2018 ин гардиши  куллӣ дар муносибатҳои ду давлати дӯсту бародар – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон буд. Бо иродаи қавии роҳбарони ҳар ду давлат дар як муддати кӯтоҳ ҳамаи мушкилоту масъалаҳои солҳои тӯлонӣ дар байни ду кишвари ҳамсоя бавуҷудомада ҳаллу фасл гардида, барои амалӣ шудани нияту орзуҳои деринаи халқҳои бародари мо заминаи мустаҳкам фароҳам оварда шуд ва муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи шарикии стратегӣ бардошта шуданд. Дар ин росто сохторҳои ҳизбии вилояти Хатлон масъалаи мазкурро ҳамчун намунаи олии дӯстии халқҳо ва ҳамзистии осоишати миллатҳо миёни ҷомеа тарғибу ташвиқ намуда, сокинонро ба ҳамбастагиву рафоқат дар анҷоми корҳои созандагиву бунёдкорӣ даъват намуданд.

Тавре медонем, кори таблиғотиву идеологӣ асоси фаъолияти ҳизбро ташкил дода, натиҷаи фаъолияти мо дар маҷмуъ аз ҳамин зовия баҳогузорӣ карда мешавад. Бо назардошти ин, дастгоҳи таблиғотӣ ва мафкурасозии ҳизб аз ҳама лиҳоз мукаммал гардида, воситаҳои таблиғотӣ бо назардошти талаботи ҷомеаи муосир шакл дода шудаанд. Ҳоло дар ихтиёри сохторҳои вилоятии ҳизб воситаҳои таблиғотии пурқувват қарор доранд. Дар ин миён сомонаи расмии КИВ ҲХДТ, нашрияи “Ҳамрози халқ”, саҳифаҳои иҷтимоӣ дар Фейсбук ва Ютуб, минбари шабакаҳои телевизонии маҳалливу ҷумҳуриявӣ ва сомонаҳои ҷумҳуриявӣ (дар асоси шартномаи алоҳида) ва аз ҳама муҳимаш ҷадвал-механизми корбарӣ, ки минбари ҳизбиёнро дар деҳаву маҳаллаҳо таъмин мекунад, аз ҷумлаи муҳимтарин воситаҳоеанд, ки барои аввалин бор дар соли 2018 ба таври максималӣ истифода бурда шуданд.

Бояд гуфт, дар давоми сол ба сомонаи интернетии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон барои аввалин бор наздики 6000 (аниқтараш 5884) адад хабару гузоришҳо ба нашр расидаанд ки ин нишондод аз маҷмуъи умумии хабару гузоришҳои се сомонаи дигари ҳизбии кишвар бештар аст.  Дар маҷмуъ дар ин давра ба тадриҷ ҳамаи Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон фаъол шуда, аз баргузории суҳбату вохӯриҳо, чорабиниҳои фарҳангиву ташкилӣ ва аксияву озмунҳо хабару гузориш ва андешаҳо пешниҳод карданд. Дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тақвияти посух гуфтан ба маводҳои муғризона дар ин миён беш аз 900 маводи сомонаро андешаҳои созанда ва вокуниш ба кору амали ноҷавонмардонаи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, аз ҷумла ТТЭ ҲНИ, Гурӯҳи 24, анҷумани озодандешони тоҷик, “Паймони миллӣ”, тазоҳуроти Берлин ва Хоруғ ташкил медиҳанд. Аллакай дар ин самт кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ дар баробари масъулони ҳизбӣ механизми ҷалби шахсиятҳои шинохта ва аъзои гурӯҳҳои вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи вилоятиву шаҳрӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳоро низ барои аввалин бор дар фаъолияти ҳизбӣ коркард ва мавриди амал қарор додааст, ки бо навиштан ва дар сомонаи кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб нашр намудани вокунишҳо кору амали ғайриинсонии гурӯҳҳои иртиҷоиро маҳкум намуда, ҷомеаро аз хатарҳои муосири глобалӣ огоҳ намуда истодаанд. Аз ин рӯ моро мебояд дар оянда ин равандро тақвият бахшем.

Тавре маълум аст, имрӯзҳо тамоми ашхоси бо ном “мухолиф” дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз он ҷумла фейсбук фаъол гардида, зидди манфиатҳои давлату миллати тоҷик маводҳои муғризона ба нашр мерасонанд, ки албатта ба рӯҳияи истифобарандагони он, ки аксаран ҷавонони камтаҷрибаанд, бетаъсир нахоҳад буд. Аз ин рӯ, бо мақсади бо маводи мусбӣ пур кардани саҳифаи ин шабакаҳои иҷтимоӣ айни замон ҳамаи кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ва кормандони масъули ҳизб дар фейсбук саҳифаҳои алоҳидаи худро дошта, бо бурдани тарғибот дар саҳифаи иҷтимоии Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва паҳн кардани ахбор бо ҳазорон дӯстони дигари худ ба раванди кори тарғибот такони ҷиддӣ бахшида истодаанд. Ҳамарӯза дар саҳифаи фейсбукии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз 50 то 70 мавод нашр мегардад. Инчунин, корбарони фейсбукии мо аз 25 шаҳру навоҳии вилоят бо истифода аз номҳои мустаор ба фейкҳои наҳзатӣ дар саҳифаҳои фейсбукии худашон бо шеваҳои ғайрирасмӣ посух медиҳанд. Дар ин раванд вокуниш тавассути нишон додани дастовардҳои Тоҷикистон дар солҳои охир таъсири бештари мафкуравӣ  дошта, худ инкори иғвоҳои хоинони миллат аст. Воқеият нишон дод, ки ин усули нави муборизаи иттилоотӣ беҳтар аз усули аввал аст. Яъне дар баробари туҳмату буҳтонҳои бадхоҳонӣ миллат ва ночиз нишон додани дастовардҳо мо баръакс дар сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ маводҳои мусбӣ, ки бозгӯи дастовардҳои беназири Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, бештар нашр мекунем.  

Дар ҷараёни корҳои тарғиботӣ нашрияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон “Ҳамрози халқ” яке аз дастгоҳҳои бузурги идеологияи ҳизбӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, соли 2018 ҷиҳати боз ҳам фарогир сохтани мазмуну муҳтавои он ва ҳамзамон баланд гаштани сифати нашри он як қатор чораҳо андешида шуд. Аз ҷумла, сифати қоғазу чопи он беҳтар карда шуда, ҳоло дар шакли дуранга, яъне сиёҳу кабуд ба нашр расида истодааст. Инчунин, чорабиниҳои ҳизбие, ки дар шаҳру навоҳии вилоят баргузор мешаванд, нисбатан бештар дар саҳифаҳои рӯзнома инъикос гардида, тавре ки аллакай мушоҳида мешавад, рубрикаву мавзӯъҳои ҷолибу хонданӣ дар он зиёд гардидааст. Бояд гуфт, давоми соли ҳисоботӣ 24 адад шумораи нашрияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон “Ҳамрози халқ” бо теъдоди 136800 нусха чоп шуда ба дасти хонандагон расидааст. Механизми дастрас ва ба низоми муайян ба нашр расонидани нашрия низ дар давоми соли сипаригардида ҳалли худро ёфта, тавассути сохторҳои маҳаллии почтаи тоҷик ва тоҷикматбуот саривақт дастраси хонанда гардида истодааст.

Инчунин, бо ҳамин мақсадҳо тасмим гирифтаем бо роҳи кам кардани тамоми хароҷотҳои хоҷагидорӣ ва зиёд намудани теъдоди обуна барои аввалин бор дар таърихи ҳизб нашри махсуси ҳармоҳаи газетаи “Ҳамрози халқ”-ро ба роҳ монда, қариб 1,5 млн нусха дар давоми сол (ҳармоҳа беш аз 102000)-и онро ба сокинони деҳот ройгон тақсим кунем.

Дар соли 2018 ҳамаи чорабиниҳои баргузоргардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он дар шабакаҳои давлатии телевизиони “Тоҷикистон”, “Сафина”, “Баҳористон”, “Ҷаҳонамо”, “Варзиш”, телевизиони вилояти Хатлон, сомонаҳои интернетии hamsafon.tj, hhdtkhatlon.tj, khovar.tj, facebook нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ” пурра инъикоси худро ёфтаанд.

Истифодаи шеваҳои муосири таблиғот яке аз самтҳои асосии фаъолияти ҲХДТ ба ҳисоб меравад, ки ҳамеша зери таваҷҷуҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон қарор дорад.

Бо ин мақсад дар соли 2018 Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи Ютуб саҳифаи худро боз кард, ки дар он шакли видеоии чорабиниҳои ҳизбӣ нашр мегарданд.

Инчунин, бори аввал дар таърихи ҳизб Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон барномаи телевизиониро таҳти унвони “Нерӯи созанда” таҳия ва пешкаши сокинони вилояти Хатлон намуда истодааст, ки  тариқи телевизиони вилояти Хатлон ҳар ҳафта ба намоиш гузошта мешавад. Барномаи “Нерӯи созанда” хусусияти таблиғотӣ-сафарбарнамоӣ дошта, он тавассути шабакаи Ютуб бо сароҳатан нишон додани дастовардҳои Тоҷикистон ва ҳамзамон огоҳсозии ҷомеа аз хатарҳои муосир ҳамчун вокуниш ба барномаи интернетии “Садои мардум”-и “Гурӯҳи 24” дастраси истифодабарандагони шабакаҳои интернетӣ гашта истодааст.

Ҳозирини гиромӣ,

Бояд зикр намуд, ки обрӯ ва манзалати дилхоҳ ҳизби сиёсӣ бахусус дар давраи интихоботӣ аз он лиҳоз баҳогузорӣ карда мешавад, ки то чи андоза номзадҳои қаблан пешбаринамуда ва интихобгардидаи ҳизб тавонистанд дар самти татбиқи барномаҳои пешазинтихоботии худ муваффақ гарданд ва иртиботро бо интихобкунанда қавӣ нигоҳ доранд. Аз ин рӯ, тибқи дастури Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон вакилони маҳалии маҷлиси вакилони халқ, ки аз ҲХДТ пешбарӣ ва интихоб гардидаанд, дар баргузории чорабиниҳои сатҳи маҳал бори аввал ҷалб карда шуданд. Ин раванд минбаъд низ идома ёфта, агар аз як тараф омили тақвияти робитаи ӯ бо интихобкунанда гардад, аз ҷониби дигар иртиботи ӯро бо сохторҳои ҳизбӣ ва ҳисоботдиҳанда будани ӯро дар назди ҳизб барқарор менамояд.

Ҳамчунин, ҷалби вакилон – аъзои гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои вилоят дар навиштани андеша-вокунишҳо, ки имрӯз таҷриба намуда истодаем, мақсадҳои болоро тақвият мебахшад.

Зимнан, бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ баргузор ва ҷамъбаст намудани маъракаи обуна ба нашрияҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Ҳамрози халқ» дар назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ситоди «Обуна-2019» ба нашрияҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Ҳамрози халқ» дар ҳайати 61 нафар, аз ҷумла раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, раисони Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони сохторҳои вилоятӣ ва кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон таъсис ёфта  буд, ки иҷроиши обуна ба нашрияи марказии ҳизб “Минбари халқ” дар миқёси вилоят пурра иҷро гардид. Ин ҷо бо истифода аз фурсат ба аъзои Раёсат ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, раиси вилояти Хатлон муҳтарам Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ, муовини раиси милоят муҳтарам Хидирзода Махфират Умар  ва ҳамаи раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят барои мусоидату дастгириҳояшон дар рафти ин маъракаи муҳимми сиёсӣ изҳори миннатдорӣ баён намоям.

Ҳамчунин, бояд хотирнишон намоям, ки як қатор шаҳру ноҳияҳо мувофиқи ҳисобот нақшаи обуна ба нашрияҳои “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ”-ро пурра ба анҷом расонида бошанд ҳам, аммо маблағҳои онҳо пурра ворид нагаштааст. Аз ҷумла мувофиқи ҳисоботи молиявӣ то 31.12.2018 вобаста ба нашрияи “Минбари халқ” ноҳияҳои Ёвон (150 нусха), Қубодиён (90 нусха), Вахш (40 нусха), Данғара (140 нусха), Муъминобод (65 нусха) ва Восеъ (118 нусха), инчунин вобаста ба нашрияи “Ҳамрози халқ” шаҳру ноҳияҳои Левакант (62 нусха), Кӯлоб (445 нусха), Вахш (181 нусха), Дӯстӣ (20 нусха), Хуросон (18 нусха), Ёвон (150 нусха), Данғара (325 нусха), Балҷувон (110 нусха), Темурмалик (100 нусха), Ҳамадонӣ (96 нусха), Восеъ (155 нусха) ва Муъминобод (214 нусха) маблағҳоро пардохт накардаанд. Дар робита ба ин, ба раисони Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои мазкур ҷиҳати пурра гузаронидани маблағҳои обуна ба нашрияҳои “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ” то санаи 10.01.2019 муҳлат дода мешавад.

Бояд қайд намоем, ки фаъолияти таблиғотӣ бо дастуру маводҳои аёнӣ пурра ва муассиртар гардида, муҳтавои таблиғотро дар тасаввури ҷомеа то дер гоҳ мустаҳкам нигоҳ медорад. Бо ин мақсад соли 2018 аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон 6000 дона китоби “Каъбаи умеди мо халқ асту бас!”, 4000 дона китоби “Дастурамали коргузориву ҳуҷҷатнигорӣ ва пешбурди фаъолияти молиявии сохторҳои ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон”, 5000 дона китоби “Хатарҳои муосири геополитикӣ ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – роҳҳо ва усулҳои пешгирӣ аз онҳо”, 100000 дона тақвимҳои кисагӣ, 15000 дона тақвими деворӣ ва 3000 дона тақвими рӯимизӣ нашр ва ба оммаи васеи сокинони вилояти Хатлон зимни вохӯрӣ дар деҳаву маҳаллаҳо тақсим карда шуданд. Инчунин, 10000 дона лавҳаи девории “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, 1500 дона лавҳаи девории Роҳбарияти ҲХДТ, 24000 нусха Оинномаи ҲХДТ, 15900 дона нишони сарисинагии ҳизбӣ, 2000 дона китоби маводҳои Маҷлиси КИМ ҲХДТ, 400 дона китоби қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон”, 400 дона китоби Паёми Пешвои миллат, 5000 дона лавҳаи девории “Даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028” ва 8000 дона лавҳаи девории “Фурӯғи нури раҳмонӣ”, ки аз тарафи Дастгоҳи КИМ ҲХДТ пешниҳод шуданд, миёни сокинон паҳн карда шуд.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ истиқбол намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намудани Соли тақвияти робита бо маҳал ва дар ин росто ҳавасманд гардонидани ташкилотҳои ҳизбӣ барои дарёфти ҷоизаҳои «Беҳтарин муаррифкунандаи мавзеъҳои сайёҳӣ», «Беҳтарин намоиши ҳунарҳои мардумӣ», «Армуғони Хатлонӣ», «Маликаи Хатлон», «Тарроҳи Хатлон» ва “Беҳтарин доиркунандаи чорабинии сатҳи маҳал” бахшида ба “Соли тақвияти робита бо маҳал” озмун эълон намуда буд, ки онро бо мувафақият ҷамъбаст намуд. Рисолати аслии ин тадбирҳо муаррифии мавзеъҳои сайёҳии вилояти Хатлон, зиёд намудани армуғонҳои нишони ҳунарҳои миллидошта, ҳавасманд намудани сокинон дар самти эҳё ва равнақи ҳунарҳои мардумӣ, рушди сайёҳӣ ва омӯзиши таърихи пурифтихори миллат ва рӯҳбаланд намудани кормандони Кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани чорабиниҳои сатҳи маҳал ба ҳисоб мерафт. Аҳамияти дигари ин озмунҳо аз он иборат буд, ки сокинон, хусусан занон ба ҳунармандӣ ва зебоипарастӣ майлу завқи бештар пайдо намуда, ин раванд боиси рушди ҳунарҳои мардумӣ, эҳёи фарҳангӣ миллӣ ва дар ин замина соҳиби касбу кори даромаднок шудани мардум мегардад.

Ҳозирини гиромӣ,

Афзоиши нуфузу эътибори ҳизб дар ҷомеа аз фаъолияти тарғиботиву мафкурасозии он сахт вобастагӣ дошта, дар ин росто омода намудани кадрҳои болаёқати ҳизб аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад. Бояд гуфт, шумораи кадрҳои ҳизбии вилоят дар соли 2017, ки каме беш  80 нафарро ташкил медод, соли 2018 ба 215 нафар расонида шуд ва дар ин замина масъалаи омодасозии онҳо низ мавриди назар қарор гирифт.  Бо ин мақсад Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон аз 24 то 28 августи соли ҷорӣ курси бозомӯзии раисон ва кормандони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоятро баргузор намуд. Тайи 4 рӯз бо иштироки узви КИМ ҲХДТ Хидирзода Махфират, устодон аз Донишкадаи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи Марказии тафтишотӣ, масъулин аз мақомотҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратура, Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовар, раёсатҳои кишоварзӣ, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, тандурустӣ, шабакаҳои баркӣ ва дигар фаъолони хизб ҷиҳати самтҳои асосии фаъолияти ҲХДТ бо кормандони ҳизбӣ лексия суҳбат баргузор гардид. Дар вақти баргузории лексия суҳбатҳо байни кормандону омӯзгорон ва масъулини соҳаҳои гуногун саволу ҷавоб баргузор гардид, ки барои фаъолияти минбаъдаи кормандони ҳизбӣ дар вақти суҳбату вохӯриҳо мусоидат намуд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон соли 2018 ҷадвали баргузории курсҳои омӯзишии ҳизбиро бо иштироки кормандони масъули кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва вакилони халқ тасдиқ намуд. Дар доираи ин ҷадвал ду маротиба дар 15 шаҳру ноҳияи минтақаи Бохтар ва як маротиба дар 10 шаҳру ноҳияи минтақаи Кӯлоб бо иштироки кормандони масъули Дастгоҳи КИМ ҲХДТ дар мавзӯъҳои марбут ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, ки масъалаҳои мубрами ҳаёти сиёсиву иҷтимоиро фаро мегиранд, бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон курсҳои омӯзишӣ гузаронида шуд.

Инчунин, соли 2018 Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ҷадвали баргузории семинар-машваратҳои ҳизбиро бо иштироки ҳамаи роҳбарони сохторҳои ҳизбии вилоят тасдиқ намуд. Дар доираи ҷадвали мазкур дар бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак, Левакант, ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Норак, Ёвон, Данғара, Темурмалик, Ҷомӣ, Фархор, Ҷайҳун, Ҳамадонӣ ва Восеъ семинар-машварати ҳизбии вилоятӣ бо иштироки раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳру навоҳии вилоят баргузор гардид. Дар доираи семинар-машваратҳои мазкур масъалаҳои муҳимми фаъолияти ҳизбӣ ва вазифагузориҳо дар самти татбиқи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баррасӣ гардиданд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар соли 2018 ҷадвали ташкили чорабиниҳои сатҳи баланд дар шаҳру ноҳияҳои вилоятро тасдиқ намуда, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят чорабиниҳо дар сатҳи баланди сиёсӣ вобаста ба мавзуъҳои самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва таҳкими суботу амният дар ҷомеа бо иштироки васеъи аҳли ҷомеа баргузор карда шуданд. Баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд таваҷҷуҳи васоити ахбори оммаи ғайриҳизбӣ, аз ҷумла шабакаҳои телевизионии ҷумҳуриявиро низ ба худ ҷалб карда, мақсаду ҳадафҳои созандаи ҳизб дар шабакаҳои телевизионӣ ва дар сомонаву нашрияҳои ҳизбиву давлатӣ ба таври назаррас инъикос гардиданд.

Муҳтарам аъзои Кумитаи иҷроия,

Албатта дар шароити имрӯзаи иқтисодию иҷтимоӣ ҳеҷ як сохтори давлатию ҷамъиятӣ наметавонад бидуни таъмини шароити зарурии моддию техникӣ фаъолияти дилхоҳу самарабахш дошта бошад. Аз ин рӯ, сохтори вилоятии ҳизб ба ин масъала аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намуда, тариқи ҳашар оғоз намудани сохтмони биноҳои маъмуриро дар мадди аввали фаъолияти худ қарор доданд. 

Ҷойи таъкиди хос аст, ки агар то соли 2017 25 шаҳру ноҳияи дар вилояти Хатлон ҳамагӣ 8 бинои маъмурии ҳизбӣ аз ҷумла Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Хуросон, Фархор, Носири Хусрав, Қубодиён, Ҷайҳун ва шаҳри Левакант мавриди истифода қарор гирифта бошанд, пас соли 2018 сохтмони биноҳои маъмурии Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳрҳои Кӯлоб, Норак, ноҳияҳои Ёвон, Темурмалик, Шаҳритуз, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Восеъ, Балҷувон ва Ховалинг бо маром идома доранд. Аз ин шумор дар назар аст, ки нимаи аввали соли 2019 чор бинои маъмурии ҳизбӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Норак, Ёвон ва Восеъ расман ба истифода дода шаванд. Инчунин, ҷиҳати дар тавозуни Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Кӯшониён, Дӯстӣ, Панҷ,  Ҷ. Балхӣ  ва Мӯъминобод биноҳои тайёр корбарӣ рафта истодааст. Зимнан, оғози корҳои сохтмонӣ аз тарафи кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Данғара ва Вахш тибқи тақвимҳои пешниҳодшуда моҳи январи соли 2019, яъне то Маҷлиси КИМ ҲХДТ пешбинӣ гардидаанд, ки анҷоми сохтмони онҳо мувофиқи дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ баён карда буданд,  дар муҳлати муайёншуда дар назар дошта шудааст.

Ҳамзамон, соли 2018 ноҳияи Ҷайҳун ва шаҳри Бохтар соҳиби автомашинаи хизматӣ гардиданд, ки ин маврид низ дар рушду нумуи кори Кумитаҳои иҷроияи мазкур таъсири мусбат мерасонад. Тасмим дорем соли 2019 ҳамаи кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилояти  Хатлон пурра ба автомашинаи хизматӣ таъмин гардида, дар маҷмуъ бо шароиту имкониятҳои хуби техникӣ ба марҳилаи тарғибу ташвиқоти пешазинтихоботӣ ворид шаванд.

Ҳозирини муҳтарам,

Дар ин давра ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар маҷмуъ 119 ҳуҷҷат аз ҷумла,  аз КИМ ҲХДТ 32 адад ворид шудааст, ки 30 адади онро барқияҳои телефонӣ ташкил менамоянд. Аз  шумораи умумии ҳуҷҷатҳои воридгардида 6 ҳуҷҷат назоратӣ буда, рафти иҷрои онҳо таҳти назорати доимӣ ва қатъӣ қарор дода  шудааст. Аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба унвонии кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муасисаи вилоятиву шаҳрӣ ва ноҳиявӣ 112 адад ҳуҷҷатҳо содирот шудаанд, ки 27 адади он барқияҳои телефонӣ ба ҳисоб мераванд.

Дар соли 2018-ум 160 адад фармоишҳои раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон барои фаъолияти ташкилию тарғиботӣ ва молиявию хоҷагидорӣ қабул шудаанд.

Оид ба рафти иҷроиши ҳуҷҷатҳои таҳти назорат қарордошта сари вақт аз Кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳо маълумоту ахборот талаб карда шуда, ҳамзамон ба КИМ мунтазам ва сари вақт ҷавобҳо ирсол карда шудаанд. Аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ дар соли 2018-ум 40  адад мактуб ирсол гардидааст.

Ба қабулгоҳи ҷамъиятии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон  ва шаҳру ноҳияҳои он дар  соли 2018-ум  25 нафар шаҳрвандон ба тариқи хаттӣ ва 1540 нафар ба тариқи шифоҳӣ муроҷиат кардаанд, ки ба ҳамаи онҳо дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи қонун ҷавоб гардонида шудааст.

Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ 64 нафар фаъолони ҳизб ҷиҳати хизмати софдилонаву содиқонаашон дар роҳи татбиқи ҳадафҳои Барномавии ҲХДТ ба Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон қадрдонӣ гардиданд.

Дар соли ҷорӣ 2 маҷлиси Кумитаи иҷроия ва 4 маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи вилоятӣ баргузор гардида, ҷиҳати тақвияти фаъолияти ҳизбӣ қарорҳои дахлдор қабул ва ба унвонии кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят барои иҷро ирсол карда шуд. Дар ин радиф, 18 маҷлиси машваратии назди Раиси Кумитаи иҷроия баргузор гардид, ки дар рафти онҳо масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ шуда, ҷиҳати рушди фаъолияти ҳизбӣ тадбирҳои зарурӣ саривақ амалӣ карда шуданд.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон минбаъд низ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб дар сатҳу сифати баланд амалӣ гардида, сиёсати созандаю бунёдкоронаи Пешвои миллат ва ҲХДТ дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ба таври дахлдор татбиқ гарданд.

02.01.2019, шаҳри Бохтар

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg