БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

2019 – СОЛИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДӢ БАРОИ СОХТОРҲОИ ҲИЗБИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Санаи 02.01.2019 дар шаҳри Бохтар Маҷлиси васеи Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон таҳти раёсати Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ ва узви Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва вилоятии ҳизб  Хидирзода Махфират Умар баргузор гардид. Инчунин, дар кори маҷлис раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру навоҳии вилоят ва муовинонашон иштирок намуданд.

Дар рафти маҷлис аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар соли 2018 натиҷагирӣ карда шуда, масъалаҳои дигар вобаста ба вазифаҳои аввалиндараҷаи ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он  дар самти шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018, тасдиқи буҷҷа ва воҳидҳои кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон барои соли 2019, тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон барои соли 2019 ва даъвати Маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти  Хатлон баррасӣ ва вобаста ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Нахуст, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ  ба сухан баромада, дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар соли 2018 ҳисобот дод. Ҳамчунин, мавсуф вобаста ба амалӣ намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ дар маҳал ва ташкилоту муассисаҳо, мустаҳкам намудани робита бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, афзоиши молиёт, пардохти ҳаққи аъзогӣ ба Кумитаи иҷроияи вилоятӣ, интизоми молиявӣ ва дохилиҳизбӣ, тақвият бахшидани корҳои тарғиботӣ ва истифода аз усулҳои муосири таблиғот, роҳу равиши истифодаи босамар аз васоити ахбори оммаи чопиву электронӣ, хусусан шабакаҳои иҷтимоӣ ҷиҳати солим нигоҳ доштани мафкураи сиёсии ҷомеа, таъмин намудани оммавият ва сифати баланди чорабиниҳо, насби гушаҳои ҳизбӣ ва шиору овезаҳо, иҷроиши обуна ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ” барои соли 2019 тибқи ҷадвали тақсимотӣ суханронӣ намуд.

Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ иброз дошт, ки Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ба дарки аҳаммияти самтҳои мазкур дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардум такони ҷиддӣ бахшид. Вале тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ зикр карданд, барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда як сол басанда нест ва барои рушди инфрасохтори соҳа дар ҳамаи минтақаҳои кишвар бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд. Бо назардошти ин Пешвои милат иброз доштанд, ки: “Бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои зикршуда ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот пешниҳод менамоям, ки солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шаванд”. Мақсади  асосии ин пешниҳод пеш аз ҳама ҳалли масоили иҷтимоии ҷомеа, хусусан сокинони деҳот муаррифӣ шуд. Ҳамзамон Пешвои миллат дар Паёми худ саноатикунонии босуръати кишварро  ҳадафи чоруми стратегӣ муаррифӣ намуданд.

Лозим ба таъкид аст, ки барои дар сатҳу сифати баланд иҷро намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат аз ҳар яки мо сокинони шарафманди кишвар, аз ҷумла сокинони вилояти Хатлон масъулияти баланди шаҳрвандӣ тақозо мегардад. Ба ин хотир, ҷиҳати боз ҳам густариши иртибот бо мардум ва ҷалби оммаи васеи сокинон дар амалӣ намудани ҳадафу мақсадҳо ва кору пайкори созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, инчунин, татбиқи ҳадафу вазифаҳои дар ростои Солҳои 2019-2021 эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ба ҳамин васила саҳм гузоштан дар таҷлили сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 барои ташкилотҳои ҳизбии вилояти Хатлон “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ” эълон карда шуд.

Дар зимн қайд гардид, ки Аксияи тарғиботӣ-амалии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”, ки аз нимсолаи дуюми соли 2018 оғоз гардида буд, ба ҳадафҳои созандаи Пешвои миллат ва Роҳбарияти Олии ҲХДТ мувофиқ буда, татбиқи он то соли 2021 идома дода шавад, то аз ин роҳ саҳми бештари мардумро ҷиҳати ободонӣ ва рушди деҳот таъмин созем.   

Дар рафти музокира раисони Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг Халилов Сафар, Носири Хусрав Алиева Сурайё ва Муъминобод Мирзобаротов Салоҳиддин суханронӣ намуданд.

Дар зимн, узви Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва вилоятии ҲХДТ, муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода Махфират Умар ба сухан баромада, дастовардҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлонро дар соли 2018 хеле баланд арзёбӣ намуд. Тавре иброз дошт, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон соли 2018 бисёр корҳоеро анҷом дод, ки чунин ташаббускориҳо чӣ дар самти тарғиботиву идеологӣ ва чӣ дар самти ташкилӣ на танҳо дар сатҳи вилоят, балки дар сатҳи Ҷумҳурӣ барои аввалин бор сурат гирифтаанд. Ҳамзамон, дар партави Паёми Пешвои миллат соли 2019-ро барои сохторҳои ҳизбии вилояти Хатлон Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ эълон кардани Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон низ идомаи мантиқии ҳамин ташаббускориҳост. Бо назардошти ин, мавсуф фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлонро дар соли 2018 қаноатбахш дониста, ба ҳизбиён дар соли 2019 барору комёбӣ таманно намуд.

Дар охир, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба роҳбарони сохторҳои ҳизбии вилоят вобаста ба татбиқи ҳадафҳои дарпешгузошташуда дар соли 2019 дастуру супоришҳои мушаххас дода, кори маҷлисро ҷамъбаст намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg