БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РАИСИ ТҶҶ “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН” БО ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР ҚАЗОН ВОХӮРД

Санаи 5.01.2019 дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия вохӯрии Раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ бо донишҷӯёни фаъоли тоҷик дар Донишгоҳи федералии Қазон баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ Абдулло Раҳмонзода аз вазъи зиндагиву таҳсили донишҷӯён пурсон шуда, перомуни нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат суханронӣ намуд. Ҳамзамон, мавсуф ба ҷавонон вобаста ба аҳамияти донишандӯзиву касбомӯзӣ, ватандӯстӣ ва эҳсоси худшиносии миллӣ маслиҳату тавсияҳои муфид дод.

Ҷойи зикр аст, ки аз Тоҷикистон дар Донишгоҳи федералии Қазон беш аз 200 нафар донишҷӯён таҳсил карда истодаанд, ки умед аст пас аз таҳсил ҳамчун шахсони соҳибкасб ба Ватани худ содиқонаву софдилона хизмат мекунанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg