БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК АЗ ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОН ИФТИХОР МЕКУНАНД

Бо дастури Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гурӯҳи кории таблиғотӣ аз ҳисоби сохторҳои ҳизбии вилояти Хатлон таҳти роҳбарии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ дар Федератсияи Россия бо муҳоҷирони меҳнатӣ, корфармоёни онҳо ва донишҷӯени тоҷик суҳбату вохӯриҳо анҷом дода истодаанд.

Айни ҳол гурӯҳи корӣ дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия қарор дошта, бо муҳоҷирони меҳнативу корфармоён ва донишҷӯёни ин макон вобаста ба нуктаҳои асосии Паёми асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои Тоҷикистон дар соли 2018, аз ҷумла ба кор даромадани чархаи аввали НБО “Роғун”, муваффақиятҳо дар арсаи ҷаҳонӣ ва сиёсати муваффақонаи хориҷ ва дар ин заминаҳо ҳадафу ниятҳои созандаи Пешвои миллат дар оянда дар ростои истиқболи шоиста аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат карда истодаанд.

Муҳоҷирон аз дастовардҳои ватани худ – Тоҷикистони соҳибистиқлол ифтихорманду рӯҳбаланд гардида, ба аъзои гурӯҳи корӣ вобаста ба масъалаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саволу ҷавоб намуда, бо шукргузорӣ аз фазои орому босуботи кишвар, ба Роҳбарияти ҲХДТ ҷиҳати таваҷҷуҳи самимӣ миннатдорӣ баён карданд.

Ҳамчунин, ҳайат аз Хонаи дӯстии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуданд, ки дар ин ҷо онҳоро роҳбари ин ниҳод Глюс Гаянов истиқбол гирифт. Дар рафти боздид, тарафҳо вобаста ба аҳамияти дӯстии халқҳо ва нақши робитаҳои дӯстона ва сиёсати дарҳои бози Тоҷикистон дар ин росто табодули андеша сурат гирифт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg