БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паёми Пешвои миллат ба қалби сокинон қувваи бузург бахшид

ШАҲРИТУЗ. Тибқи нақшаи корӣ  дар ташкилоти ибтидоии «Тоҷикстандарт» дар ноҳияи Шаҳритуз бо иштироки кормандони ташкилоти ибтидоии номбурда хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Хониши сиёсӣ аз ҷониби муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ачилдиев Турдимурод ва мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Замонов Азиз гузаронида шуда, дар рафти он самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, тарѓиби фарҳангӣ миллӣ, пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, террористӣ ва экстремистӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, қадрдонӣ аз суннату анъанаҳои миллӣ, иҷроиши Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимдар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва нисбати Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 26 декабри соли ҷорӣ баргузор гашт, дар бораи ҳадафҳои асосии сиёсати дохилӣ ва берунии кишвар ва эълон шудани солҳои 2019 – 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg