БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём дастури ҳидоятсоз барои ояндаи дурахшони давлат

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ ва вохӯриву мулоқотҳо дар ташкилоти ибтидоии Заводи пахтаи Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар ноҳия бо иштироки мудири шeъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳия Бекмамадов Асалмамад ва мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва ба ҳисобгирии ҳизби ноҳия Зайдуллоев Муҳамадҷон хониши сиёсӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.

Дар рафти хониши сиёсӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Бекмамадов А. ва Зайдуллоев М. вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфасал баромад намуда, доир ба чорабини қайд карданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар аз 26 декабри соли 2018 иброз доштанд, ки дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат дар се соли охир ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 15,2 то 17,3 фоиз афзоиш ёфт. Дар робита ба ин ва бо дарназардошти аҳаммияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад. Вобаста ба ин, зарур аст, ки то соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 22 фоиз расонида шавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg