
Н.ХУСРАВ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардида дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дурахшон” дар доираи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, бо мақсади тақвият бахшидан ва риояи муқаррароти қонун, оқибатҳои ногувори қонуншиканӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар хониши сиёсӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав Муродов Раҳмон иштирок намуда, дар маҷмӯъ оид ба масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, амалу кирдорҳои номатлуби аъзои ТЭТ ҲНИ ва гурӯҳҳои ҷиноятпешаи хоинони давлату миллат дар хориҷи кишвар фаъолиятдошта, истифодаи дурусти фазои иттилоотӣ, сари вақт вокунишҳо намудан ба хабару мақолаҳои иғовоангез, ҳарчи бештар огоҳ намудани мардум аз ҳодисаҳои нанговари вақтҳои охир рух дода ва пещгирии минбаъдаи содиршавии чунин кирдорҳо фаҳмонида дод.
Инчунин, дар охир мавсуф аз иштирокдорон даъват ба амал овард, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар корхонаву муассисаҳо, деҳаву маҳаллаҳо масъалагузорӣ карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла фейсбук дар шакли маҳкум кардани чунин амалҳо инъикос намоянд.