БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Маориф соҳаи афзалиятнок дар ҷомеа

ФАРХОР. Дар доираи ҷадвали тасдиқгардида, мулоқоти раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Алиҷон Назаров бо аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маорифчиён" баргузор гардид.

Дар ин вохӯрӣ атрофи масъалаҳои шарҳу тавзеҳи Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018, татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони  "Якҷоя ҳал мекунем" ва тартибу ташкили комиссияҳои ноҳиявии интихоботӣ суханронӣ намуда, қайд гардид, ки дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2019-2021-ро Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд.

Дар ин самт моро зарур аст, ки ҷиҳати дар амал татбиқнамоии дастуру супоришҳое, ки дар Паёми имсолаи худ Президенти мамлакат ба масъулин дода буданд чораҳои қатъӣ андешем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg