БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паёми Пешвои миллат муждаи рушди мамлакат мебошад

Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоӣ ҳизби “ҶДММ Мавлоно”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хонишҳои сиёсӣ бо иштироки Алиев Зафар -мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия баргузор гардид.

Дар он масъулин муҳимтарин нуқтаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишварро шарҳ доданд.

Зикр гардид, ки Паём раҳнамои миллат ба сӯи ояндаи дурахшону пурсаодат мебошад. Ҷиҳати амалӣ гардидани дастуру супоришҳои дар он зикршуда сарҷамъона ва софдилона меҳнат бояд кард.

Ингуна мулоқоту вохӯриҳо дар тамоми ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баргузор гашта истодаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg