БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Пешвои миллат: Мақому манзалати зан дар ҷомеаи муосир бузург аст!

Ш.ШОҲИН. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо як гурӯҳ фаъолзанони деҳаи Шӯрообод тибки накшаи тасдикгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизбӣ баҳри расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат¸ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба мардум вохӯрӣ доир намуданд.

Вохӯриро мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин  Неъматов Абдуҷаббор кушода,  доир ба  нуктаҳои асосии  Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳоисироятӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, пешгирӣ аз пӯшидани либосҳои ба фарҳанги мо бегона,  тарбияи  дурусти фарзандон дар роҳи ватандӯстӣ,  риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, пешгирӣ аз  хароҷоти  бемаънӣ дар тӯю маъракаҳо ва рушди ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ намуда,  занони фаъоли деҳаро барои омӯзондани касбу ҳунарҳои мардумӣ ба наврасону ҷавонон раҳнамоӣ кард.

Баъдан Сунатуллоева Мавзуна мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба сухан баромада, дар бораи баланд бардоштани макоми зан дар ҷомеаи имрӯза суханронӣ намуд. Инчунин  Курбонова Малоҳат мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамссидин Шоҳин  ба сухан баромада доир ба нуктаҳои асоси Паём суханрониҳо намуд.

          

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg