БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём: Барномаи мукаммали рушд

ПАНҶ. Вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат имрӯзҳо дар сар то сари кишварамон мулоқоту вохӯриҳо бо сокинон  баргузор гашта истодааст. Бо ин мақсад дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии ҳифзи иҷтимоӣ вохӯрӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи  Паёми Роҳбари  давлат ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ гузаронида шуд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳим дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоии кишвар ба ҳисоб рафта, раванди рушди кишварро дар соли сипаришуда натиҷагирӣ  ва барномаи пешбурди соҳаҳои мухталифи онро барои соли 2019 мушаххас намуд.

Бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои дар Паём зикршуда ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот Пешвои миилат пешниҳод намуданд, ки солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шаванд.

Дар охир, раиси ташкилоти ибтидоии ҳифзи иҷтимоӣ Машрабов Шамсулло баромад намуда, қайд намуд, ки Паёми имсолаи Сарвари давлат санади муҳиме дар пешрафти иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишвар буда, барномаи зиннатбахши зиндагии мо мегардад. Боварии комил дорам, ки дар натиҷаи амалӣ шудани нишондиҳандаҳои он  соли 2019 мисли соли сипаришудаи 2018 – соли фаромӯшнашаванда ва хотирмон хоҳад шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg