
А.ҶОМӢ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ҷиҳати тадбиқи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо мақсади сазовор таҷлил гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ташкилоти ибтидоии «Пахтакор-2»-и деҳаи Пахтакор 2-и ҷамоати деҳоти «50-солагии Тоҷикистон» дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳашари умумӣ баргузор гардид.
Ҳамзамон, дар амалишавии корҳои ободонӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Мирзоев Холмурод мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ва Ҷамолиддини Маҳмадшариф мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроия оид ба ҷалби аҳли ҷамоатчигӣ ба корҳои ободонӣ, бунёдкориву созандагӣ ибрози ақида намуда, бо ҳамроҳии сокинони деҳа роҳи байни деҳа, ки солиёни дароз фарсуда шуда буд, дастаҷамъона зиёда аз як километр роҳро сангфарш карданд ва корҳо дар 2 км роҳи боқимонда барои сангфаршу мумфарш намудан идома дорад.