БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Таасуроти неки соли 2018 то дер гоҳ дар хотираҳо боқи мемонад

ПАНҶ. Баҳри хушу  хурсандона гусел намудани соли 2018 ва шоиста истиқбол намудани соли нави мелодии 2019 дар маркази шаҳраки Панҷ чорабинии фарҳангии арчаи солинавии хеле зебо роҳандозӣ гардид.

Нахуст чорабиниро раиси ноҳия М.Сайфуддинзода ва раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Файзизода Каримҷон ҳусни ифтитоҳ намуда, ҳамагонро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, оиди бурдбориҳо ва комёбиҳои  соли сипаришуда ибрози андеша намуданд. Ҳамзамон қайд намуданд, ки соли 2018 барои мардуми тоҷик соли фаромӯшнашанда ва хотирмон буд.

Баъдан Бобои Барфӣ ва Барфак чорабиниро бо дӯстрӯякони ноҳия  идома доданд.

Чорабинии фархангӣ бахшида ба Соли нави мелодӣ бо барномаи фарҳангии ҳунармандони Қасри фарҳанг ва рақсу бозиҳои иштирокдорон идома ёфт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg