БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мулоқоти судманд бо омӯзгорон

КУШОНИЁН. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кушониён дар ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён» пайваста вохўриву мулоқотҳоро оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва нақши омӯзгор дар таълиму тарбияи насли наврас баргузор карда истодааст.

Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зиёд намудани сафи ҳизб аз ҳисоби шахсони бонуфуз ва садоқатманду ватандӯст  мебошад. Аъзои ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён аз ҳисоби омӯзгорону табибон, саҳмдорони хоҷагӣ ва намояндагони касбу кори  гуногун рӯз аз рӯз афзуда истода, ба аъзои нави ҳизб сари вақт шаҳодатномаи ҳизбиро дастрас карда мешавад.

Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кушониён санаи дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №57 -и ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳия бо аъзои ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” вохӯрӣ доир намуданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ масъулин ба аъзои нави ба сафи ҳизб дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбиро супорида, таъкид карданд, ки дар таълиму тарбияи наврасон, баланд бардоштани савияи дониши онҳо саҳми арзанда гузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg