КӮЛОБ. Анҷом додани корҳои хайру сахо, гирифтани дасти пирону барҷомондагон ва кӯдакони ятиму бепарастор аз хислатҳои беназири халқи тоҷик мансуб меёбад.
Бахшида ба фарорасии соли нави 2019 аз тарафи аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фурудгоҳ”, махусусан роҳбари ташкилоти ибтдоӣ, аъзои Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, директори фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб Комилов Алӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбии таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ба 36 нафар кӯдакон, ки дар осоишгоҳи беморхонаи вилоятии бемориҳои сили шаҳри Кӯлоб қарор доранд, ба маблағи 5000 сомонӣ туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуд.
Ҳамзамон, ба як қатор собиқадорони ҷангу меҳнат ба маблағи 6000 сомонӣ дар арафаи соли нави мелодӣ маводҳои ғизоӣ кӯмак расонида шуд.