БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Соли 2019 – соли пур аз муваффақиятҳо хоҳад гашт

ДАНҒАРА. Соли 2018 бо тамоми бурду бохташ бо мо хайрбодӣ намуда, соли пурфайзу пур аз шодмониву комёбӣ  соли 2019 вуруд гардид.

Ба муносибати Соли нави мелодӣ бо ташаббуси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара  ҷамъомади хотирмон  доир гардида, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  Каримов Пирмуҳаммад   кормандонро  бо  соли нави 2019  табрику шодбош гуфта,   ба онҳо барои вазифаи пурмасъулияти  ҳизбӣ дар фаъолияташон комёбиҳои беназирро  таманно кард.

Мавсуф дар идомаи суҳбат  афзуд, ки итминони комил дорем, ки Соли 2019 – Соли пур аз муваффақиятҳо таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҳад гашт.

Дар охир кормандон барои  фаъолияти  пурмаҳсулашон  бо туҳфаҳои идона  қадрдонӣ карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg